Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дискриминатсия хеле бештар аз ҷудо кардани саҳмия барои занонро дар бар мегирад



Хоҷаи Мирзода

Дар сӯҳбат бо Рейчел Дебнер ходими созмони байналмилалии Ҳуман Райтс Воч пурсидем, ки оё барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои мубориза бо табӣиз - дискриминатсия алаӣҳи занон хоҳад тавонист, ки дар ҳаёти рӯзмарраи занони тоҷик тағйире ворид намоянд?



Дар сӯҳбат бо Рейчел Дебнер ходими созмони байналмилалии Ҳуман Райтс Воч ҳамкорамон Хоҷа Мирзода ибтидо пурсид, ки оё барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои мубориза бо табӣиз - дискриминатсия алаӣҳи занон хоҳанд тавонист, ки дар ҳаёти рӯзмарраи занони тоҷик тағйире ворид намоянд?

Рейчел Дебнер: "Ба фикри ман ин гуна барномаҳо имкон медиҳанд, ки осори мусибатангез рафъ гардад. Ин гуна барномаҳо кумак мерасонанд, ки занон барои кор дар ҷойҳои қаблан барои онҳо дастнорас омода бошанд. Медонед дар Тоҷикистон занон ба зарбаҳои ниҳоят вазнин мувоҷеҳ шуданд. Пардохти нархи ҷанги шаҳрвандӣ маҳз ба гардани занон афтид. Оилаҳои онҳо пароканда шуданд. Баъди нопадид ва ё маъйуб шудани шавҳарон, бародарон ва фарзандон занон дар ҳоли қашшоқии фавқулодда қарор гирифтанд. Ҳамин тариқ, занон бо чунин вазъи риққатовар рӯ ба рӯ шуданд. Хуллас, ин гуна барномаҳо ёрӣ мерасонанд, ки занон нони худро ёфта тавонанд ва аз оилаҳои худ пуштибонӣ намоянд. Барномаҳо аз ду ҷиҳат хубанд: Аввалан онҳо табйизи умумии занонро аз байн мебаранд ва сониян, ба хусус дар Тоҷикистон, кумак мерасонанд, ки занон дар паи ҷанги шаҳрвандӣ таъмини рӯзгор ва оилаҳояшонро ба роҳ монанд."

Савол: Бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмонов тахминан сӣ фоизи курсиҳои ҳукуматҳои маҳалливу марказӣ ва дигар вазифаҳои масъули ин кишвар ба занон ихтисос дода шудаанд. Оё мо метавонем гӯем, ки табйизи занон ҷой дорад?

Рейчел Дебнер: "Табйиз ва ё дискриминатсия чизест, ки хеле бештар аз ҷудо кардани саҳмия барои занонро дар бар мегирад . Рафъи табйиз маънои онро дорад, ки Шумо бояд имконоти занонро хеле барвақттар - масалан, аз мактаб, мадди назар бигиред. Рафъи табйиз , яъне таъмини таҳсил, яъне тағйири менталитет ё худ ҷаҳонбинӣ дар нисбати зан аст. Агар саҳмияҳои корӣ ҷудо шуда бошанд, бояд саъйу кӯшиши ҳақиқии ҷалби занони табақаҳои мухталифи ҷомеа ва гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ барои ишғоли ин курсиҳо низ раҳандозӣ шавад. Ман намегӯям, ки квотаҳо хубанд ё бад. Возеҳ аст, ки худ ба худ саҳмия чизеро тағйир намедиҳад."

Савол: Дар аксари кишварҳои Ғарбӣ ҳеҷ гуна саҳмияе барои ширкати занон дар ҳукумат ҷорӣ нашудааст, вале занон аз имконоти нисбатан зиёд баҳраманд мебошанд. Чӣ бояд кард, ки ҳадди ақалл ҳамон саҳми ҷудо шуда ба нафъи занон истифода шавад?

Рейчел Дебнер: "Дар Ғарб қонунҳои хубе бар зидди табйиз қабул шудаанд. Ҳамчунин дар он ҷо Додгоҳ -додгоҳи мустақил вуҷуд дорад, ки иҷрои ин қонунҳоро кафолат медиҳад.Ҳамин тавр агар зане худро табйизшуда ҳис кард, ӯ метавонад ба додгоҳ рафта тақозои адолат кунад. Яъне мо шоҳиди қонуни дақиқ ва додгоҳи нозир бар иҷрои ин қонун ҳастем. Дар айни замон, ҷаҳонбинӣ нисбати зан дар Ғарб дигар аст. Дар Тоҷикистон ду чиз бояд тағйир ёбад : яке ҷаҳонбинӣ дар муқобили зан ва дигаре зиндагии амалӣ. Албатта тағйири назар оиди имконоти кориву хидматии занон зарур аст. Ин тағйири ҷаҳонбинӣ метавонад солҳои тӯлонӣ идома ёбад. Аммо занони тоҷик ҳамин ҳозир ба кумак ниёз доранд. Ман имкони ишғоли корҳои беҳтар, хадамоти беҳтари иҷтимоӣ, муҳофизати беҳтар аз зӯроварӣ дар хона ва ғайраро дар назар дорам. Мо наметавонем аз занон дархост намоем, ки асрҳо мунтазири тағйири ҷаҳонбинӣ шаванд. Зарур аст,ки ҳаёти рӯзмарра тағйир ёбад. Қонунҳои шадитаре дар муқобили табйизи занон лозим мебошанд. Ҳамзамон назорати шадиди татбиқи онҳо айни муддаост. Дар ҳаёти амалӣ зарур аст, ки занону мардон дар як сатҳи баробар мавриди арзёбӣ қарор гиранд.Шумо бояд додгоҳ дошта бошед. занон имкони муроҷиат ба ин додгоҳро дошта бошанд, то тавонанд аз ҳуқуқи худ дифоъ намоянд. Хуллас, шумо бояд ҷаҳонибиниатонро тағйир диҳед, вале дар ин байн воқеияти рӯзмарра ҳам бояд дигар шавад."

XS
SM
MD
LG