Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Дар Точикистон гуруҳҳои даҳшатафкан ҳузур надоранд"



Саидқосими Қиёмпур

Имомалӣ Раҳмонов дар ҷараёни сафари худ ба ноҳияи Рашт гуфт, паҳн намудани овозаҳо дар мавриди нооромии Осиёи Марказӣ ва аз чумла Точикистон ҳадаф дорад, ки ба ин кишварҳо сармояи хоричӣ ворид нашавад ва обруи онҳо байни чомеаи чаҳонӣ бештар коҳиш биёбад.



Имомалӣ Раҳмонов раисчумҳури Точикистон изҳор намуд, дар кишвар, аз чумла, дар манотики шаркии он гуруҳҳои зиддиҳукуматӣ ва даҳшатафкан ҳузур надоранд. Ӯ иттилоъи расонаҳои хабарии хоричиро дар мавриди он ки минтақа чун пештара ноором аст ва зиёда аз ин чонибдорони созмони Ал Қоида аз Ҳаракати исломии Узбакистон мехоҳанд аз марзи Точикистон убур намоянд, рад кард. Имомалӣ Раҳмонов дар ҷараёни сафари худ ба ноҳияи Рашт гуфт, паҳн намудани овозаҳо дар мавриди нооромии Осиёи Марказӣ ва аз чумла Точикистон ҳадаф дорад, ки ба ин кишварҳо сармояи хоричӣ ворид нашавад ва обруи онҳо байни чомеаи чаҳонӣ бештар коҳиш биёбад. Айни ҳол Имомалӣ Раҳмонов аз афзудани ифротгароии динӣ ва ба аҳзобу созмонҳои мазҳабӣ шомил шудани ходимони дин изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, бояд ходимони дин қавонини кишварро иҳтиром намоянд ва аз дахолат ба корҳои ҳукумат худро канор гиранд.

XS
SM
MD
LG