Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Осиёи Марказӣ ҳадди аққал 35 ҳазор нафар ба вируси СПИД олуда шудаанд



Холидаи Қодир

Дар шаҳри Душанбе маркази махсусе боз шудааст, ки дар он ҷо дар мавриди СПИД, хатари истеъмоли маводи мухаддира ва танфурӯшӣ маълумот медиҳанд.



Ромина тоҷикдухтари 21 солаи сокини Душанбе аст. Ду сол қабл ӯ ба маводи мухаддира мӯътод шуд ва базудӣ дарёфт, ки ин одат нархи гарон дорад. Барои пардохтани пули нашъаву ҳируин Ромина ба кӯчаи дигар торик -- ба танфурӯшӣ ворид шуд. Ромина, ки ҳам маводи мухаддира истеъмол мекунад ва ҳам ба танфурӯшӣ машғул аст, дар сафи аввали одамоне қарор дорад, ки мустақиман ба хатари СПИД рӯ ба рӯ мебошанд. Дар тоҷикистон духтарони раҳгумзада мисли Ромина кам нестанд. Созмони Юнейдс, дафтари СМ барои мубориза зидди СПИД маҳз бо ҳамин гурӯҳи одамон кор мебарад. Дар шаҳри Душанбе маркази махсусе боз шудааст, ки дар он ҷо ба Ромина ва ҳампешаҳои вай дар мавриди СПИД, хатари истеъмоли маводи мухаддира ва танфурӯшӣ маълумот медиҳанд. Ромина ба ин марказ бо хоҳиши худ меояд. Ӯ боре ҳируинро аз меъёр зиёд истифода кард ва наздик ҳаёти худро аз даст медод. Ҳоло вай мегӯяд, ки дар маркази номбурда дар бораи паёмадҳои ваҳшатноки нашъамандиву танфурӯшӣ иттилоъ ёфта, акнун боэҳтиёт рафтор мекунад.

Конфронси байналмилалии мубориза зидди СПИД дар Барселона Осиёи Марказиро чун минтақаи нави паҳншавии бемории СПИД номбар кард. Тибқи рақамҳои мавҷуда дар Осиёи Марказӣ ҳадди аққал 35 ҳазор нафар ба вируси СПИД олуда шудаанд. 20 ҳазор нафари онҳо сокинони Қазоқистон мебошанд. СПИД дар ҳар як ҷумҳурии дигари минтақа ошкор шудааст. Аз Мария Болтаева, мудири шӯъбаи Юнейдс, Барномаи мубориза зидди СПИДи СМ дар Душанбе пурсидем, ки дар мавриди густариши СПИД дар Душанбе маълумот диҳад:

"Дар Тоҷикистон расман 58 нафар бо бемории Спид ва олудагӣ ба вируси ин мараз -- Эйч Ай Ви сабти ном шудаанд. Дар Тоҷикистон асосан се роҳи сирояти СПИД мушоҳида мешавад. Якум, тавассути сӯзандору ҳангоми истифодаи маводи мухаддира, дуввум, фоҳишагӣ ва севвум, равобити ҷинсӣ бидуни чораҳои ҷилавгирӣ. Гирифторони СПИД дар Тоҷикистон бештар ҷавонон мебошанд."

58 нафар дар муқоиса бо 20 ҳазори Қазоқистон шояд рақами бузург нест. Вале Мария Болтаева мегӯяд, ин рақами расмӣ аст, дар амал теъдоди гирифторони СПИД дар Тоҷикистон хеле бештар тахмин мешавад. Вале на ҳама барои муоина ва таҳлили хун ҳозир мешаванд. Яке аз роҳҳои муҳимтарини ҷилавгирӣ аз густариши СПИД додани маълумоти ҳарчи бештар ба ҷомеа дар бораи ин беморӣ мебошад. Барои пахши чунин маълумот Юнейдс дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикитсон 15 маркази боварӣ боз намуд. Мудири барномаи Юнейдс дар Тоҷикистон Мария Болтаева мегӯяд, ки онҳо асосан бо гурӯҳҳои риск, яъне бо онҳое, ки бештар аз ҳама ба хатари СПИД рӯ ба рӯ ҳастанд, кор мебаранд:

"Мо дар байни онҳое, ки аз сӯзандору истифода мекунанд, кор мебарем, мо бо онҳо дар бораи зарари истифодаи маводи мухаддира ва паёмадҳои хатарноки он сӯҳбат мекунем. Ҳамин тавр мо дар байни онҳое, ки ба танфурӯшӣ рӯ овардаанд, корҳои таблиғотӣ ба роҳ мондаем. Мо ба онҳо дар бораи хатарҳои мавҷуда маълумот медиҳем. Умуман, мо мехоҳем барои ҳарду гурӯҳи хатарнок ва умуман ба ҳамаи ҷавонон тарзи ҳаёти солимро омӯзонем."

Ҳукумати Тоҷикистон низ барномаи мубориза зидди СПИДро тарҳрезӣ намуд. Барои татбиқи ин барнома дувуним миллион доллар ба кор аст. Вале тибқи маъмул, ҳукумат ба камбуди маблағ рӯ ба рӯст. Дар ҳамин ҳол, Ромина, ҷавондухтари сокини Душанбе ҳанӯз ҳам аз истеъмоли маводи мухаддираву танфурӯшӣ даст накашидааст. Вале баъди гирифтани маълумот аз маркази боварии Юнейдс, Ромина акнун худро эҳтиёт мекунад. Масалан, ӯ ҳаргиз аз сӯзандоруи дигарон истифода намебарад.

XS
SM
MD
LG