Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳамини кушторҳои пурсару садои 1998-2001 ба додгоҳ супурда мешаванд



Нурмуҳаммади Холзода

Амирқул Азимов-Дабири Шурои Амнияти Тоҷикистон гуфт, ки дар ояндаи наздик афроди муттаҳам ба кушторҳои пурсару садо ва занҷираии солҳои 1998 то соли 2001 барои муҳокима ба додгоҳ супурда мешаванд.

Амирқул Азимов-Дабири Шурои Амнияти Тоҷикистон гуфт, ки дар ояндаи наздик афроди муттаҳам ба кушторҳои пурсару садо ва занҷираии солҳои 1998 то соли 2001 барои муҳокима ба додгоҳ супурда мешаванд. Ин афроди дар ҷараёни мубориза бар зидди ифротгароӣ боздошт шудаанд. Ба гуфтаи Амирқул Азимов, судури ҷиноят, коршиканиҳо ва аъмоли террористӣ дар даҳсолаи ахир бори нахуст дар соли 2002 коҳиш ёфтааст. Дабири Шурои Амнияти Тоҷикистон гуфтааст, амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон мавқеъи террористҳоро заъиф кард, вале онҳоро мағлуб накард.

XS
SM
MD
LG