Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳ имомхатиби масоҷиди Исфара аз мақоми худ барканор шуданд



Мирзои Салимпур

Раиси кумитаи ҳукумати Тоҷикистон дар умури адён гуфт, узвияти ин даҳ сархатиб дар ҳизби Наҳзати Ислом сабаби аслии барканор шудани онҳо аз раҳбарии масоҷид шудааст.

Даҳ имоми масоҷиди ноҳияи Исфара, воқеъ дар вилояти Суғди Тоҷикистон аз мақоми худ барканор карда шуданд. Саид Аҳмадов, раиси кумитаи ҳукумати Тоҷикистон дар умури адён гуфт, узвияти ин даҳ сархатиб дар ҳизби Наҳзати Ислом сабаби аслии барканор шудани онҳо аз раҳбарии масоҷид шудааст.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар сӯҳбати матбуотии рӯзи панҷшанбеаш барканор шудани аъзои наҳзат аз мақоми имомат дар масоҷиди ноҳияи Исфараро амали қонунӣ хонд ва гуфт, ин иқдом аломати фишори мақомот болои онҳо нест.

Моҳи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар пайи сафараш ба ноҳияи Исфара гуфт, вуҷуди беш аз 50 масҷид ва теъдоди зиёди рӯҳониён дар ин ноҳияи хурд дар қиёс бо шумораи мактабҳо ба маротиб бештар аст. Оқои Раҳмонов ҳамчунин ишора кард, ки ду нафар аз асирони тоҷик дар боздоштгоҳи Гуантанамо маҳз аз аҳли Исфара будаанд.



XS
SM
MD
LG