Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ба бемористонҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 9 миллион доллар доруворӣ кӯмак кардааст



Тоҳир Сафар

Ироаи ин кӯмакҳо таввасути созмони хайрияи "Ҳоуп" и амрикоӣ, ки намояндагиаш дар Тоҷикистон фаъолият дорад, сурат мегирад.



Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба бемористонҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 9 миллион доллари амрикоӣ доруворӣ кӯмак кардааст. Тибқи иттилои сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Франклин Ҳаддл ироаи ин кӯмакҳо таввасути созмони хайрияи "Ҳоуп"-и амрикоӣ, ки намояндагиаш дар Тоҷикистон фаъолият дорад, сурат мегирад. Рӯзи панҷшанбе созмони мазкур ба маркази наркологии кишвар беш аз 650 ҳазор доллар доруворӣ кӯмак кард, ки дар маросими супурдани он сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Франклин Ҳадл ширкат дошт.

Анн Купер раиси иҷроияи Кумитаи дифоъ аз журналистон, ки марказаш дар Амрико мебошад аз тасмими ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди додани лицензия ба радиои мустақили Азия Плюс истиқбол кардааст. Ӯ гуфтааст, ин як иқдоми мусбии ҳукумати Тоҷикистон аст ва мо умед дорем, ки мақомоти ин кишвар дар оянда гуфтаҳояшро дар амал татбиқ мекунанд. Рӯзи душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон ба кумитаи телевизион ва радиои ин кишвар дастур дода буд, ки ба радиои Азия Плюс, ки чаҳор сол боз иҷозати фаъолият надошт, лицензия бидиҳад.

Дар хабари дигар гуфта мешавад, намояндаи дигари Кумитаи дифоъ аз журналистон Емми Грей бо сафири Тоҷикистон дар Австрия Ҳамроҳхон Зарифов мулоқот карда масоили озодии матбуот дар ин кишварро баррасӣ кардааст. Эмми Грей низ аз лағви парвандаи ҷиноии журналисти тоҷик сардабири "Чароғи рӯз" Додоҷон Атоуллоев истиқбол кардааст. Зимни сӯҳбат дипломати тоҷик лаҳни навишти нашрияи Чароғи рӯзро "фитнаангез" номида, вале гуфтааст Додоҷон Атоуллоев ҳар вақте мехоҳад метавонад ба Душанбе баргардад ва рӯзномаи худро мунташир кунад.

XS
SM
MD
LG