Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар устони Омски Русия як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба қочоқи миқдори бузурги хероин машғул буд, боздошт шуд



Саидқосими Қиёмпур



Кормандони раёсати Хадамоти амнияти федеролии Русия дар устони Омск ду қочоқбари маводи мухадирро боздошт намуданд, ки якеи онҳо шаҳрванди Тоҷикистон аст. Аз манзили онҳо 47 кило ҳероин пайдо гардид.

Ба гуфтаи роҳбари раёсати Хадамоти амнияти федеролии Русия дар устони Омск ин ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон тайи чанд моҳ таҳти назорат буданд.

Чекистони рус мутмаинанд, ки хатти интиқоли маводи мухадирро шаҳрванди Тоҷикистон ташкил намудааст ва ҳероини Афғонистон тавассути дигар қочоқбарон ба Русия ва Аврупо фиристода мешуд.

XS
SM
MD
LG