Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9-уми сентябр дар рӯзи истиқлоли Тоҷикистон нахустин радиои мустақил дар пойтахти Тоҷикистон бо номи "Азия Плюс" ба пахши барномаҳои худ оғоз мекунад



Нурмуҳаммади Холзода



Ин мувофиқа дар ҷараёни мулоқоти якунимсоата Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳур ва Умед Бобохонов - раиси хабаргузории мустақили "Азия Плюс" ҳосил шудааст. Умед Бобохонов дар мусоҳиба бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки барномаҳои ин радио ба ҷуз аз хабар мусиқӣ ва таҳлилҳо роҷеъ ба арсаҳои муҳими ҳаёти Тоҷикистонро низ пахш мекунад. Вай гуфт, дар қадами аввал соъати пахши барномаҳо маҳдуд аст ва рӯи мавҷи Эф-Эм пахш мешавад. Умед Бобохонов гуфт:

"Аз рӯи нақша мо мехоҳем аз 8 ё 10 соат сар кунем. Ва дар оянда, ним сол пас ва ё як сол пас мехоҳем, ки ин радио 24 соат кор кунад".

Санадҳои зарурӣ барои дарёфти муҷаввиз ё литсензияи пахши барномаҳои радиоии "Азия Плюс" аз моҳи августи соли 1998 омода буд, вале ба кормандони он муяссар нашуд, ба пахши барномаҳо оғоз кунанд. Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот изҳор кардааст, ки кишвараш бояд дар роҳи демокрасӣ ва озодии баён пеш равад.

XS
SM
MD
LG