Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон: Муттаҳамини қатли Муҳиддини Олимпур боздошт шудаанд



Нурмуҳаммади Холзода

Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик соли 1995 аз тарафи ашхоси ношинос ба қатл расида буд.

Дар мавриди боздошти қотилони Муҳиддини Олимпур хабаргузориҳо ахбори гуногун медиҳанд. Хабаргузории Эй-Эф-Пи ё Франс Пресс рӯзи ҷумъа аз қавли вазорати дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки як нафар машкук ба қатли Олимпурро боздошт кардаанд ва шахси боздоштшуда мутталиқ ба гурӯҳҳои исломии Тоҷикистон будааст. Дар ҳамин ҳол, ИТАР-ТАСС-хабаргузориии Русия аз қавли як Вазорати қудратии Тоҷикистон мегӯяд, ки ду нафар мазнун ба ин қатл, яке дар қаламрави Русия ва дигарӣ дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шудаанд. Ба навиштаи ИТАР-ТАСС, яке аз боздоштшудагон сокини ноҳияи Кофарниҳон аст ва дар гузашта ба гурӯҳи муташаккили ҷинояткор мутталиқ будааст. Боздоштшудаи дуввум ҳоло дар яке аз маҳбасҳои шаҳри Санкт Петербург мебошад ва мақомоти Тоҷикистон барои бозгардонидани вай ба Тоҷикистон бо ҷониби Русия дар ҳоли музокира мебошанд. Аммо хабари дигар низ вуҷуд дорад, ки як моҳи пеш як нафар қотили Олимпур дар шаҳри Москав боздошт ва ба Душанбе интиқол дода шудааст. Намояндагони Вазорати дохилаи Тоҷикистон ва додситонии шаҳри Душанбе низ, ки дар гуфтугуҳои телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз бурдани номашон худдорӣ карданд, нахостанд номи афроди боздоштшуда то анҷоми расидагӣ ба ин парванда ошкор шавад, гарчӣ онҳо таъйид мекунанд, ки дар корҳои расидагӣ пешрафт вуҷуд дорад. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, баъд аз ду моҳ дар додгоҳи Олии ин кишвар мурофиаи парвандаи қатли Олимпур оғоз меёбад ва ба қотилон ҳукми додгоҳ эълон мешавад. Муҳиддини Олимпур яке аз чеҳраҳои фарҳангии Тоҷикистон шаби 12-уми декабри солии 1995 дар шаҳри Душанбе аз сӯи афроди номаълум ба қатл расид ва субҳи рӯзи дигар ҷасади ӯро донишҷуён дар назди донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайдо карданд. Баъд аз марги Олимпур бо кушиши шуморе аз фарҳангиёни шинохтаи тоҷик, аз қабили зиндаёд Муҳаммади Осимӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, созмонҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Бахши Форсии Би-Би-Си Конуни байналмилалии Олимпур таъсис шуд. Ҳадафи ин Бунёд ҳифзу муроқибати осори аккосӣ ва торихии бойгонии Муҳиддин Олимпур буд. Ҳамза Камол-раиси Бунёди Фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло конуни Олимпур ба ҷуз аз кор бо ин бойгонӣ китобҳои нави донишмандонро барои табъу нашр омода мекунад. Ҳуруфчинии ин китобҳоро анҷом медиҳад ва ба ороиши маҷаллаву рӯзномаҳо машғул мешавад. Як ҷо бо муассисаҳои фарҳангии дигар маҳофили фарҳангӣ баргузор мекунад. Ба гуфтаи Ҳамза Камол, ҳоло Конуни байналмилалии Олимпур ба сабаби камбуди молӣ бо чунин корҳо иктифо мекунад ва умедвор аст, ки бо беҳбуд ёфтани вазъи иқтисодии ҷомеъаи Тоҷикистон вазъи ин Конун низ хуб хоҳад шуд. Куштори Муҳиддини Олимпур дар баробари куштори Муҳаммади Осимӣ, Исҳоқ Юсуфӣ, Минҳоҷ Ғуломов ва чанд тани дигар аз шахсиятҳои шинохташудаи сиёсиву фарҳангӣ аз қатлҳои пурсару садо ба шумор меравад. Як моҳи қабл Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки расидагии дубора ба кушторҳои пурсару садои чанд соли пеш шурӯъ шавад. Ҳамаи ин кушторҳо дар солҳои навадум анҷом гирифта буд ва ҳоло гуфта мешавад, ки ба сабаби нооромиҳо дар Тоҷикистон ба парвандаи баъзе аз ин кушторҳо расидагии комил сурат нагирифта буд. Ин қатлҳои занҷираӣ ва пурсару садо дар он солҳо ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон латма зада буд ва кишварҳои хориҷӣ ҳангоми баррасии барномаҳои ҳамкории худ бо Тоҷикистон ба ин нуқта ишора мекарданд. Ба ин далел, барои ҳарчӣ зудтар аз миён бардоштани ин масъала мақомоти Тоҷикистон баъд аз раҳоӣ аз ҷангҳои дохилӣ бо имконоти дар ихтиёр доштаи худ талош карданд ба ин парвандаҳо расидагӣ анҷом ёбад ва ин масъала дар мавриди Тоҷикистон аз дастури рӯзи ҷаласаҳои байналмилалӣ бардошта шавад.

XS
SM
MD
LG