Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар рӯихати СММ дар робита ба рушди иҷтимоии кишварҳо Тоҷикистон дар ҷои 112-ум омадааст



Холидаи Қодир

Созмони Милал вазъи рушди иҷтимоиро дар ҳар кишвар аз рӯи меъёрҳои ҳисоби миёнаи умр, сатҳи маориф, хидматрасонии тиббӣ ва даромади воқеъии мардум муайян мекунад.

Ин поинтар аз ҳамаи кишварҳои собиқ Шӯравӣ мебошад. Созмони Милал вазъи рушди иҷтимоиро дар ҳар кишвар аз рӯи меъёрҳои ҳисоби миёнаи умр, сатҳи маориф, хидматрасонии тиббӣ ва даромади воқеъии мардум муайян мекунад. Норвегия, Шветсия, Белгия ва Канада аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки бештар аз ҳама ба марудми худ имкони пешрафт фароҳам месозанд. Дар ин дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон болотар аз дигарон - дар ҷои 79-ум омадааст. Баъди он Туркманистон дар ҷои 87 ум, Узбакистон дар ҷои 95-ум ва Қирғизистон дар шумори 102-ум гузошта шудаанд. Бисту чаҳор кишваре, ки дар охири рӯихат омадаанд, ҳама мамолики африқоӣ мебошанд. Созмони Милал гузориш медиҳад, ки дар тӯли 10 гузашта дар аксари кишварҳои собиқ шӯравӣ, аврупои шарқиву марказӣ ва Африқо ҳисоби миёнаи умр, вазъи маориф ва даромади солонаи мардум поин рафт. Вале дар тӯли даҳсолаи дар Осиёи Шарқӣ, сарфи назар аз як бӯрҳони бузурги молӣ, иқтисоди аксари кишварҳо ба таври назаррас рушд кард. Чунин пешрави иқтисодӣ дар Чин, Сингапур, Кореяи Ҷанбуӣ, Таиланд ва Малайзия мушоҳида мешавад. Гузоришгарон менависанд, ки давраи ислоҳоти иқтисодӣ дар Аврупои Шарқӣ ва собиқ Иттиоҳди Шӯравӣ ба вазъи иҷтимоии мардум таъсири ногувор дошт. Поинравии шароити иҷтимоӣ дар байни кишварҳои собиқ Шӯравӣ бештар аз ҳама дар Тоҷикистон, Молдова, Русия ва Украина ба назар мерасад. Гузориши Созмони Милал навиштааст, ки барои рушди иҷтимоии кишварҳо демократия ва арзишҳои демократӣ нақши ҳалкунанда доранд. 24 кишваре, ки дар аввали рӯихати СМ омадаанд, яъне вазъи иҷтимоишон дар муқоиса бо дигарон болотар аст, ҳама кишварҳои демократӣ мебошанд. СММ мегӯяд, ки аз 190 мамлакати ҷаҳон танҳо 82 кишварро метавони ҷомеаи комилан демократӣ номид. Дар ин кишварҳо ба ҳуқуқҳои инсонҳо эҳтиром мегузоранд ва арзишҳои демократӣ аз қабили муҳокимаҳои одилона, ҳукуматдории шаффоф ва интихоботҳои озод риоят мешаванд. Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид менависад, ки бидуни эҳтиром ба ҳуқуқи инсонҳо вазъи иҷтимоии онҳоро боло бурдан имкон надорад. Дар гузориш омадааст, ки дар қарни 20-ум 80 кишвар роҳи демократияро пеш гирифтанд, вале танҳо 47-тои онҳо муваффақ шуданд, ки ҷомеаи демокартӣ бунёд кунанд. Аз ҷумла, баъди шикасти лагери сотсиалиятӣ аксари кишвари Аврупои Шарқиву Марказӣ тавонистанд, ки ба самти демократия раванд. Вале дар ҷомеаи собиқ шӯравӣ, ба вижа дар Осиёи Марказӣ ба ҷои ҳукуматдории шӯравӣ режимҳои худкома ва раҳбарон бо панҷаҳои қавӣ сари қудрат омаданд. Инро дар мисоли ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ метавон мушоҳида кард.

XS
SM
MD
LG