Пайвандҳои дастрасӣ

Русия барои ҳифз ва тақвияти ҳузури низомии худ дар Осиёи Марказӣ саъй дорад



Тоҳири Сафар

Генералҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мегӯянд, ки гурӯҳҳои тундрав барои ҳамла ба кишварҳои ин минтақа омодагӣ мегиранд.

Дейл Ватсон раҳбари идораи зиддитерористии Хадамоти пажӯҳишоти Амрико "Эф Би Ай" дар чанд рӯзи пеш гуфт эҳтимол меравад, ки Усома Бен Лодан кушта шудааст, аммо бо вуҷуди ин мавриди ҳамлаҳои терористӣ қарор гирифтани Иёлоти Муттаҳида аз байн нарафтааст. Генералҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мегӯянд, ки гурӯҳҳои тундрав барои ҳамла ба кишварҳои ин минтақа омодагӣ мегиранд. Бо ин ҳадаф ба гуфтаи низомиёни Осиёи Марказӣ, Ҷунбиши исломии Узбакистон, беш аз ду ҳазор разманда гирд овардааст. Таҳлилгари нашрияи электронии Евразиянет менависад, дар ин сурат қудрати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бозгардонидани ҳамлаи тундравон ба тасмимгириҳо ва нерӯи низомии Русия сахт алоқаманд мешавад. Ахиран вазири дифоъи Қирғизистон Эсен Топоев гуфта буд, нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва Тоҷикистон омодаи посух ба ҳар гуна ҳамлаи гурӯҳҳои тундрав ҳастанд. Ҳангоми зуҳури чунин ҳамалот ба навиштаи таҳлилгари Евразиянет Қирғизистон 5 ҳазор нерӯҳои марзии худро, ки сарбозони қирғиз ва афсарони русро дар бар мегирад, омодаи ҷанг хоҳад кард. Илова бар ин дар сурати шиддат гирифтани даргириҳо, нерӯҳои кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ ба нерӯҳои Қирғизистон мепайванданд. Мақомоти расмии Бишкек мегӯянд, баъди ҳамлаҳои размандагони Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон дар соли 1999 ва 2000 ба ҷануби Қирғизистон нерӯҳои тамриндидаи ин кишвар қудрати бурдани ҷанг дар шароити кӯҳсорро доранд. Аммо таҳлилгари Евразиянет мегӯяд кишварҳои Осиёи Марказӣ ба танҳоӣ қудрати мубориза бо тундравонро надоранд ва ба нерӯи низомии Русия такя мекунанд. Ин нерӯ, дивизияи 201-уми тирандози Русия аст, ки дар Тоҷикистон ҷойгир мебошад. Таҳлилгари Евразиянет навиштааст, бо истифода аз ин осебпазирии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва вазъияти номуайяни ба амаломада, Русия саъй дорад ва сахт мехоҳад нуфузи низомиашро дар баробари ҳузур ва нуфузи афзояндаи нерӯҳои кишварҳои ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ тақвият бахшад. Нишонаҳои рӯшани талошҳои Русия дар ин самт баргузории тамринҳои низомии ахир дар кишварҳои Осиёи марказист, ки раҳбарии онҳоро генералҳои рус бар ӯҳда доштанд. Аз ҷумла моҳи июн тамринҳои низомии кишварҳои паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Қирғизистон ва Қазоқистон анҷом гирифт, ки онҳоро генерали рус Сергей Черномордин раҳбарӣ мекард. Дар ин тамринҳо сценарияи ҳуҷуми размандагони Ҷунбиши исломии Узбакистон ба Қирғизистон тамрин шуда буд. Яъне терористони мусаллаҳ ба истифодаи силоҳи зиёди оташфишон ҳамла карда, иддаеро гаравгон гирифтанд, аммо бо ҳуҷуми сареъ низомиён онҳоро шикаст дода, гаравгононро озод карданд. Ба навиштаи таҳлилгари Евразиянет Русия ҳамчунин сиёсатгузориҳои худро дар баробари ниҳодҳои кашофии кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият медиҳад. Хадамоти федералии амнияти Русия барои ин бо ниҳодҳои амниятӣ ва ҷосусии кишварҳои минтақа ҳамкорӣ мекунад. Ин ниҳод, ки фаъолиятҳои зиддитерористӣ дар Чеченистонро танзим мекунад, акнун тарҳрези тамринҳои зиддитерористӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Моҳи июн раҳбари хадамотии федералии амнияти Русия Николай Патрушев ба Қазоқистон омада буд ва бо ҳамтои қазоқаш Нартай Дутбаев мулоқот кард. Дар ин ин мулоқот масоили мубориза бо террористони байналмилалӣ ва эҳтимоли вуруди онҳо ба Осиёи Марказӣ баҳс шуда буд. Дар пайи ин раҳбари хадамоти кашфиёти кумитаи амнияти милли Қазоқистон Корпеш Карбузов гуфт, ин кишвар мехоҳад таҷрибаи муборизаи зиддитерористии Русияро биёмӯзад. Ва дар ниҳоят Русия сиёсати расмии зиддитерористии кишварҳои Осиёи марказиро, таввасути маркази зиддитеррористии Ҷомеаи Кишварҳои Муштаракулманофеъ идора мекунад. Ин марказ як ниҳоди ҳамоҳангсози муборизаи Кишварҳои Муштаракулманофеъ бо тероризм аст. Аммо мегӯяд таҳлилгари Евразиянет манофеъи геополитикӣ дар минтақа метавонад муассирияти ин ниҳодро аз байн бубарад. Таҳлилгар дар ин робита мисол меоварад, ки Узбакистон дар машқҳои низомии соли 2002 ширкат накард ва Борис Милников раҳбари маркази зиддитерористии СНГ гуфт, иллати ин рақобати кишварҳои Осиёи марказист. Муаллифи мақола мегӯяд, Узбакистон, ки ба як шарики муҳими Амрико дар амалиёти зиддитерор мубаддал шудааст ба ниҳодҳои зиддитерористӣ такя накарда, таъсиси нерӯҳои зудамалро тарҷеҳ медиҳад. Аммо кишварҳои дигари минтақа саргарми таҳкими марз ва нерӯҳои ҳавоии худ ҳастанд. Нависандаи мақола бар ин назараст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкории зич бо хадамоти кашофии Русия осебпазирии худро коҳиш медиҳанд. Аммо бо вуҷуди ин кишварҳои минтақа бо артиши номукаммал ва иқтисоди заъифашон ҳамоно дар назди гурӯҳҳои тундрав ва боқимондаҳои "Ал-қоъида" осебпазир хоҳанд монд. Ба андешаи таҳлилгари Евразиянет дар ин ҳол аҳамияти Русия ҳамчун кишвари муҳофизи минтақа ва таъйинкунандаи сиёсати амниятии он боқӣ мемонад. Ва ин кишварҳои минтақаро водор мекунад, ки дар сурати сар задани ягон бӯҳрон боз рӯ ба Русия оранд.

XS
SM
MD
LG