Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар қаламрави Афғонистон гаравгон буданд, бо миёнаравии марзбонони Русияву Тоҷикистон озод шуданд



Гулбаҳори Муродӣ



ИТАРТАСС ба нақл аз сарчашмаҳои низомии Русия мегӯяд, озодии гаравгонҳо пас аз музокироти марзбонии Русияву Тоҷикистонро бо ҷониби афғон имконпазир гашт. Якшанбеи ҳафтаи гузашта як гурӯҳ афғонҳо чор шаҳрванди Тоҷикистонро дар ноҳияи Шӯробод гаравгон гирифтанд, то талаби онҳоро расонанд. Ҳоло дар дасти афғонҳо як гарвгон боқӣ мондааст, ки барои озод кардани ӯ афғонҳо 80 сар гову 100 сар гӯсфанд хостаанд. Тибқи маълумоти Кумитаи марзбонии Тоҷикистон, гаравгонҳо тавассути қочоқбарони маводи мухаддир дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG