Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон гуфтааст, вомҳои хориҷии Тоҷикистон тақрибан як миллиард долларро ташкил медиҳад



Нурмуҳаммади Холзода



Баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов Роберт Кристиансен-намояндаи Сандуқи байналмилалии пул дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, давлати Тоҷикистон метавонад бо қарздиҳандагон музокира кунад ва онҳо қарзҳои Тоҷикистонро коҳиш диҳанд. Дар ҷараёни ин мулоқот масоили ислоҳот дар бахши энержӣ ва боло бурдани арзиши нирӯи барқ ва соири маводи сухт баррасӣ шудааст, то ин нархҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар шавад. Аз сӯи дигар, намояндаи Сандуқи байналмилалии пул изҳори нигаронӣ кардааст, ки боло рафтани ин нархҳо ба сатҳи зисти мардум таъсири манфӣ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG