Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муттаҳами созмони мамнӯъи Ҳизб-ут-таҳрир дар пойтахти Тоҷикистон



Тоҳири Сафар



Кормандони вазорати дохилаи Тоҷикистон дар ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе як тан аз аъзои фаъоли созмони мамнӯъшудаи "Ҳизб-ут-таҳрир"-ро боздошт кардаанд. Хабаргузории Итар Тасс бо такя ба иттилои Вазорати умури дохила навиштааст, Нуриддин Мамедови 42 сола тайи чанд соли ахир миёни аҳолӣ ғояҳои "Ҳизбу-таҳрир"- ро, тарғиб намуда онҳоро ба сарнагун кардани ҳукумат дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар Ӯзбакистон даъват мекардааст. Зимни кофтукоф аз манзили Нуриддин Мамедов миқдори зиёди адабиёти "Ҳизб-ут-таҳрир" пайдо шудааст. Созмони мазкур яке аз аҳзоби тундрави исломист, ки ҳадафи бунёди Хилофат дар Осиёи Марказиро дунбол мекунад.

XS
SM
MD
LG