Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари ҳайати Корпоратсияи исломии мусоидат ба рушди бахши хусусӣ ба Душанбе



Тоҳири Сафар



Як ҳайати Корпоратсияи исломии мусоидат ба рушди бахши хусусӣ ба Душанбе рафтааст ва бо мақомоти Тоҷикистон имкони сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ дар ин кишварро баррасӣ мекунад. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе 18-уми июл ҳайати мазкур бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов, вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов ва раиси Бонки миллӣ Муродалӣ Алимардонов мулоқот кард. Қарор аст, тӯли ду рӯзи дигар ҳайати Корпорацияи исломии мусоидат ба рушди бахши хусусӣ лоиҳаҳои соҳибкорони тоҷикро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

XS
SM
MD
LG