Пайвандҳои дастрасӣ

Вуруди Тоҷикистон ба маҳфили Парис "як роҳи коҳиши қарзҳои афзоянда"



Мирзои Салимпур

Файзуллоҳ Холбобоев, мушовири аршади раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури ислоҳоти иқтисодӣ вуруди ин кишвар ба маҳфили кишварҳои қарздорро, ки бо номи маҳфили Парис маъруф аст, як роҳи коҳиши қарзҳои афзояндаи ҳукумати Тоҷикистон хондааст.

Файзуллоҳ Холбобоев, мушовири аршади раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури ислоҳоти иқтисодӣ вуруди ин кишвар ба маҳфили кишварҳои қарздорро, ки бо номи маҳфили Парис маъруф аст, як роҳи коҳиши қарзҳои афзояндаи ҳукумати Тоҷикистон хондааст. Қарзҳои берунаи ҳукумати Тоҷикистон аз ҳудуди як миллиард доллар гузаштааст. Масъалаи коҳиши ин қарзҳо як мавзӯъи аслии дидор ва гуфтугӯҳои Роберт Кристиансен, раҳбари намояндагии сандуқи ҷаҳонии пул бо раҳбарияти Тоҷикистон буд. Ҳайъати Сандуқи ҷаҳонии пул зимнан имкони иштироки ин ниҳод дар анҷоми сохтмони ниругоҳҳои Роғун ва Сангтударо низ бо мақомоти Душанбе баррасӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG