Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се шаҳрванди Тоҷикистон, ки якеашон марзбон аст, дар Афғонистон гаравгон мебошанд



Салими Аюбзод

Як манбаъи дигар дар Кумитаи марзбонӣ ба хабарнигори Ассошиейтед Пресс гуфтааст, дар ду соли охир 40 шаҳрванди Тоҷикистон аз ноҳияи Шӯробод дар асорати қочоқбарони маводи мухаддир, дар ҳудуди Афғонистон ба сифати ғулом нигаҳ дошта шуда, мавриди бадмуомилагӣ, таҷовуз ба номус ва меҳнати сахт будаанд. Аз онҳо танҳо 12 нафар тавонистаанд, ба ватан баргарданд.

Мақомоти давлати Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки се шаҳрванди кишвар дар қаламрави Афғонистон дар асорати афғонҳои мусаллаҳ мебошанд ва дар байни онҳо як марзбони тоҷик низ ҳаст. Муовини раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон генерал Нуралишо Назаров гуфтааст, як ҳайъати давлатӣ ба минтақа сафар кард, то ҷузъиёти ҳодиса ва роҳи наҷоти гаравгонҳоро муайян кунад. Ба гуфтаи ин манбаъ одамрабоён як гаравгонро озод кардаанд, то талаби 80 ҳазор доллар гаравпулиро ба намояндагони Тоҷикистон расонад. Як манбаъи дигар дар Кумитаи марзбонӣ ба хабарнигори Ассошиейтед Пресс гуфтааст, дар ду соли охир 40 шаҳрванди Тоҷикистон аз ноҳияи Шӯробод дар асорати қочоқбарони маводи мухаддир, дар ҳудуди Афғонистон ба сифати ғулом нигаҳ дошта шуда, мавриди бадмуомилагӣ, таҷовуз ба номус ва меҳнати сахт будаанд. Аз онҳо танҳо 12 нафар тавонистаанд, ба ватан баргарданд.

XS
SM
MD
LG