Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахбори зидду нақиз оиди ҳузури Ал-Қоида ва Ҳаракати исломии Узбакистон дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон



Хоҷа Мирзода

Рӯзи душанбе сарвари ситоди нерӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон генерал майор Сергей Жилкин изҳор намуда буд, ки бо дар назар дошти эҳтимоли убури марз аз ҷониби силоҳбадастони танзими Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон дар самти Бадахшон шумори афроди гурӯҳҳои марзбони ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон афзоиш ёфт.

Сухангӯи нерӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон полковник Александр Кондратев мехоҳад ба маълумоти зидду нақизе, ки рӯзҳои ахир оиди ҳузури силоҳбадастони Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон дар манотиқи марзии Афғонистон пайдо шудаанд, хотима бахшад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афсари рус гуфт: "Ман гуфтаҳои президенти Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, боз ҳам таъкид мекунам, ки марзбонони рус дар манотиқи марзии Тоҷикистону Афғонистон ҳеҷ гуна таҷаммуъи силоҳбадастони Ал-Қоида"-ро ба қайд нагирифтаанд."

Рӯзи душанбе сарвари ситоди нерӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон генерал майор Сергей Жилкин изҳор намуда буд, ки бо дар назар дошти эҳтимоли убури марз аз ҷониби силоҳбадастони танзими Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон дар самти Бадахшон шумори афроди гурӯҳҳои марзбони ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон афзоиш ёфт. Дар сӯҳбат бо Итар Тасс генерали хадамоти марзбони Русия таъкид кард, ки ҳузури террористони байналмилалӣ дар наздикиҳои шаҳри Файзобод: маркази вилояти Бадахшони Афғонистон мушоҳида гардид, вале феълан онҳо нооромии бузурге эҷод карда наметавонанд. Жилкин тахмин мекунад, ки террористон ба гурӯҳҳои хурд тақсим шуда, кӯшиши убури марз хоҳанд кард ва ҳатто шояд баъзе аз онҳо пешакӣ шиносномаҳои ҷамоҳири Осиёи Марказӣ низ омода карда бошанд. Ба гуфти Сергей Жилкин марзбонони Русия барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ҳолати пешгӯинашаванда омодагӣ мегиранд. Аз полковник Кондратев сухангӯи нерӯҳои марзбони Русия мустақар дар Тоҷикистон хоҳиш кардам, ки ин хабарро шарҳ диҳад:

"Генерал Жилкин наметавонист гӯяд, ки таҷаммӯъи силоҳбадастон дар Афғонистон ба чашм мехӯрад. Зеро ин соҳаи фаъолияти мо нест. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, дар наздикиҳои марз аз тарафи Афғонистон мо ҳеҷ иттилое дар бораи таҷаммӯъи силоҳбадастони Ал-Қоида дастрас накардаем. Аммо таҳкими гурӯҳи марзбон дар самтҳои асосии хатарнок аз нуқтаи назари ҳамлу нақли маводи мухаддир дар ҳақиқат ҷой дорад."

Вале хабарҳо дар бораи мавҷудияти силоҳбадастон аз тарафи марзбонони тоҷик низ пахш шудаанд. Ҳафтаи гузашта муовини раиси Кумитаи Давлатии ҳифзи Марзҳои Тоҷикистон генерал Нуралишо Назаров хабар дод, ки дар манотиқи марзии Афғонистон гурӯҳҳои ифротгаро ҷамъ шуда, ҳадаф доранд, ки бар зидди манфиатҳои мамолики ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ иқдом намоянд.

Ин фикрро сиёсатшиноси тоҷик ходими Пажӯҳишгоҳи Фаласафаи Акдемияи Улуми Тоҷикистон Искандар Асадуллоев ҳам тасдиқ мекунад. Ба гуфти ӯ Толибон мунтазири он ҳастанд, ки амалиёти зиддитеррористӣ аз ҳамла ба муборизаи мавқеӣ ё худ позиционӣ гузарад. Сиёсатшиноси тоҷик меафзояд: "Толибон парокандаву пинҳон шудаанд, аммо ғояҳо, силоҳ ва афроди онҳо ҳифз гардид. Искандар Асадуллоев бар ин назар аст, ки зарбаҳои ҷавобии Толибони афғон шояд то Аврупо, ИМА ва Русия нарасанд, аммо ба роҳ мондани фаъолиятҳои душманона дар Осиёи Марказӣ аз эҳтимол дур нест. Ҷои ёдоварист, ки ҳафтаи гузашта ҳатто баъди зиёрат аз манотиқи Шарқии Тоҷикистон низомиёни воломақоми Қирғизистон изҳори нигаронӣ мекарданд, ки гурӯҳи иборат аз тақрибан 350 ифротгарои исломӣ дар манотиқи марзии Афғонистон, дақиқтар гӯем, дар соҳили рӯди Панҷ ҷамъ шуда, эҳтимолан саъй намоянд аз тариқи Тоҷикистон вориди Ҷануби Қирғизистон ва Узбакистон шаванд.

Аммо рӯзи шанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ки овозаҳо дар бораи ҳузури Ал-Қоида бо он мақсад паҳн карда мешаванд, ки Шимоли Афғонистон ва Тоҷикистон дар назари аҳли олам ҳамчун минтақаҳои ноором ва паноҳгоҳи террористон намудор шаванд. Президенти Тоҷикистон афзуд, ки дар ниҳояти амр ҳадаф аз ин қабил овозаҳо тарсонидани сармоягузорони эҳтимолӣ мебошад ва ин нерӯҳо намехоҳанд, кумакҳо ба касоне расонида шаванд, ки дар ҳақиқат аввалин шуда, ба мубориза бо Толибон бархоста буданд.

XS
SM
MD
LG