Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаҳор сокини Шӯрообод иҷборан ба Афғонистон бурда шуданд



Сайидқосими Қиёмпур

Қочоқбарони маводи мухадир одамрабоиро идома медиҳанд.

Чаҳор тан аз сокинони ноҳияи Шурообод иҷборан ба қаламрави Афғонистон бурда шуданд. Гуфта мешавад, онҳо сокинони яке аз деҳаҳои марзиянд, ки аз қочоқбарони маводи мухадири афғон маблағи зиёде қарздоранд. Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Точикистон эълом дошт, барои таҳқиқи вазъ ва сару садоҳо гурӯҳи муфаттишон ба марз бо Афғонистон фиристода шуд. Сухангӯи ин кумита гуфт, резакориҳои ҳодиса баъди бозгашти ин гурӯҳ рушан мегарданд. Нуралишо Назаров муовини аввали раиси кумитаи ҳифзи сарҳадоти Точикистон изҳор намуд, ин чаҳор нафар гаравгонҳо афроди ғайринизомиянд ва ӯ ҳайрон аст, ки иттилоъ дар мавриди ба кумитаи марзбонй шомил будани онҳо аз куҷо ва бо кадом аҳдоф пайдо шудааст:

"Сарҳадбонҳоро касе гаравгон гирифтагй нест. Сарҳадбонхоро кй метавонад гаравгон гирад! Ин гап дурӯғ аст. Дирӯз хабар омад, ки дар ноҳияи Шурообод чаҳор касро гаравгон гирифтаанд, мо як гурӯҳро ба он ҷо фиристодем. Тафтиш мекунанд ҳодисаро. Вай шаҳрвандҳо киҳоянд, дар кадом ҳолат онҳоро гаравгон гирифтанд ҳоло маълум нест".

Ва аммо як манбаи дигар бо ишора ба гуфтаҳои сокинони минтақа изҳор намуд, қочоқбарони афғон маҳз марзбонони тоҷикро ба гарав гирифтаанд. Худи марзбонон бо қочоқи маводи мухаддир рабте надоранд ва аммо яке аз сарварони гурӯҳи марзбонй аз афғонҳо ба маблағи беш аз 80 ҳазор доллар ҳероин гирифта баъдан аз пардохти ин маблағ сарпечй кардааст, мегӯяд ин манбаъ. Гуфта мешавад, аз соли 1997, ки Шурообод низ роҳи интиқоли нашъа гардид ва дар забони мардум вожаи "мавод" пайдо шуд, он сӯи марз бурдани зану фарзандони афроди "қарздор" ба як ҳодисаи муқаррари табдил ёфт. Аз деҳаҳои наздимарзии Кишт, Хирманчоҳ, Миёначӯйбор, Порвор, Ёл, Даштиҷум даҳҳо нафар ба он сӯи марз бурда шуданд. Ва то он рӯзе, ки хешу табори онҳо ё қарз ваё ба ивази он молу маводи дигар намебурданд, гаравгонҳо дар заминҳои афғонҳо заҳмат мекашиданд. Ба гуфтаи онҳо, ба вижа, дар деҳаҳои баландкӯҳи шимоли Афғонистон зиндагй басо сангин буд. Фақат соли 2001, баъди интиқоди шадиди раисчумҳур Эмомалй Раҳмонов ба унвони сохторҳои қудратй ва ба думболи он боздошти чанд тан аз қочоқбарони афғон гаравгонгирй коҳиш ёфт. Мардуми минтақаи Шуроободу Даштичум мегӯянд, онҳоро барои ширкат дар қочоқи маводи мухадир бекорй ва қашшоқй мачбур сохт, солҳои баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравй дар баъзе хонаҳо як дона гандум набуд. Ва аммо фарчоми ин амал барои мардум сангинтар буд: "Аксари онҳое, ки бо маводи мухадир сару кор доштанд, аз хонаву чой ва ҳатто курпаву болишти худ маҳрум шуданд". Ва зиёда аз ин: чанд соли ахир мардуми минтақа ҳам аз чониби мақомоти қудратии Точикистон ва ҳам аз чониби афғонҳо азобу шиканча мекашиданд. Сокинони деҳаи навбунёди Роҳихам маҷбур шуданд ба дигар манотиқи кишвар куч банданд. Кӣ ва аз кадом деҳот будани гаравгонҳо то ҳол рӯшан нест. Ва ҳамчунон рӯшан нест, ки сарнавишташон чӣ мешавад. Дар кумитаи ҳифзи сарҳадоти Точикистон гуфтанд, агар гаравгонҳо ба зудӣ озод нашаванд, дар наздиктарин мулоқоти роҳбарони гурӯҳҳои марзбонии Афғонистону Тоҷикистон ин мавзӯъ баррасй хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG