Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз соли таҳсили нав дар макотиби ҳамагонии Тоҷикистон як қатор фанҳои нав ҷорӣ мешаванд


Хиромон Бақозода

Аз ин ба баъд, фаннҳои таърихи Тоҷикистон ва ҷомеашиносӣ бо таҳрирҳои нав, яъне бо назардошти тағйироти сиёсии даҳ соли ахири кишвар таълим дода мешаванд.



Аз соли таҳсили нав дар макотиби ҳамагонии Тоҷикистон як қатор фанҳои нав - санъат, ҳуқуқи инсон, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, экология, асосҳои техникаи кампютерӣ . Аз ин ба баъд, фаннҳои таърихи Тоҷикистон ва ҷомеашиносӣ бо таҳрирҳои нав, яъне бо назардошти тағйироти сиёсии даҳ соли ахири кишвар таълим дода мешаванд. Ахиран ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи миллии маълумотро дар кишвар қабул кард, ки он бар ивази консепсияи шуравии мактаби миллии Тоҷикистон омад. Дар бораи нуқтаҳои нави сиёсати таълимии Тоҷикистон мудири шуъбаи илму маорифи ҳукумати кишвар ва яке аз дастандаркорони тарҳи консепсияи нав Мунира Иноятова гуфт, қабл аз ҳама тамаркуз ба таҳкими сифати дониши хонандагон равона хоҳад шуд. Мунира Иноятова гуфт:

"Консепсия талаботи имрузаи Тоҷикистонро нисбати пайдо кардани маълумоти гуногун қонеъ мекунад. Пеш ҳар як шаҳрванд аз руи як барнома ва як нақшаи таълимӣ мехонд. Ҳозир нақшаҳои таълимии гуногун дар сатҳи гуногун бояд ҷорӣ шаванд. Ғайр аз ин, акнун ба сифати таълим ва тарбияи маънавии ҷавонону кудакон эътибори зиёд дода мешавад. Консепсия на барои 1-2 ва ё 10 сол навишта шудааст, он барои солҳои дароз аст. Дар ин консепсия нишон дода шудааст, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо дар оянда, баъд аз 10-20 сол дар кадом сифат мебинем. Мо мехоҳем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба он боигариҳои умумиҷаҳонӣ, ки дар дунё ҳаст, на фақат шинос шаванд ва аз худ кунанд, балки дар корҳои худ истифода карда тавонанд"

Барои падару модароне, ки шакли таълимро дар оянда донистан мехоҳанд, консепсияи нав имкони интихоби таҳсили фарзандонро дар мактабҳои тиҷоратӣ ва ё бепул дар назар мегирад. Ҳамчунин имкон дорад то 10 соли оянда муҳлати таҳсили мактабҳои Тоҷикистон на 11, балки 12 солро дар бар бигирад. Ҳадафи ин қарор маълумоти бештар гирифтани хонандагон ва ҳамчунин баробар шудани низоми таҳсили мактабҳои тоҷикӣ бо меъёрҳои байнулмилалӣ мебошад. Мунира Иноятова, устоди собиқадори мактаби миёна, бар ин аст, ки насли наврас бояд дар руҳияи эҳтироми расму оинҳо ва арзишҳои динӣ тарбия гардад. Ин масъала ҳам дар консепсияи нав қайд шудааст. Хонум Иноятова гуфт:

"Албатта, вақте ки мо идеология мегуфтем, мо сохтмончии коммунизмро тарбия мекардем. Ҳозир бошад, мо шаҳрвандеро тарбия мекунем, ки мақсади асосии он аз худ кардани, пеш аз ҳама, боигариҳои миллии Тоҷикистон ва дар асоси он аз худ кардани боигариҳои ҷаҳон аст. Консепсия боз бо он фарқ мекунад, ки шакли тарбия дигар аст. Он чизе, ки инсон аз таваллуд, аз кудакӣ омухтааст, онро инкишоф диҳад. Мактаб хонандаро ҳамчун як инсони эҷодкор, озод, инсоне, ки давлат, мамлакат ва анъанаҳои миллии худро гум накардааст, тарбия кунад. Ва дар консепсия дар ин ҷода ба оила, мафҳуми оила эътибори ниҳоят зиёд дода шудааст. Барои он ки пеш муаллим ва мактаб ба ҳама кор ҷавоб медоданд, оила гуё ки набуд. Ҳозир бошад, дар консепсия нишон дода шудааст, ки тарбия аз оила сар мешавад. Сифати тарбияе, ки кудак дар оили пайдо мекунад, бар хилофи он чизе, ки дар мактаб аст, нашавад. Мисол, дар мактаб мо кудакро атеист тайёр мекардем, аммо дар оила анъанаҳои динӣ риоя мешуданд"

Барои таҳияи консепсияи нави маълумот дар Тоҷикистон гуруҳи мутахассисон аз вазоратҳои маориф, беҳдошт, дастгоҳи райисҷумҳур, пажуҳишгоҳи педагогии Академияи улум ва маркази стратегии кишвар ширкат доштанд. Дар ин ҳайат муаллифи "Алифбо"-и нави мактабҳои тоҷикӣ Маҳмадулло Лутфуллоев ва академики маъруф Муҳаммадҷон Шакурӣ шомил буданд.

XS
SM
MD
LG