Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ташвишҳо аз аломатҳои уфуни домана дар Душанбе ва атрофи он



Раҳматкарими Давлат

Ба ақидаи намояндагони Вазорати беҳдошт дар паҳн шудани беморӣ бо суръати баланд нопокии шабакаи оби ошомиданӣ ва набуди хлорро барои тоза нигоҳ доштани об сабаб медонанд. Ду шабонарӯзи гузашта шабакаи оби Душанбе аз кор монда буд, то ҳавзҳои полоиши об тоза карда шаванд. Ҳамчунин як миқдор хлор аз созмонҳои байнулмилал ба шабакаи оби Душанбе расонда шуд. Хатари уфуни домана ҳамчунин ба навоҳии атрофи Душанбе ва вилояти Хатлон таҳдид мекунад.



Дар шаҳри Душанбе нишасти фавқулоддаи Ситоди ҷилавгирӣ аз сирояти домана баргузор шуд. Дар он сарони ниҳодҳои беҳдошт, намояндагони ноҳияҳое, ки таҳти хатари уфун қарор доранд ва ҳамчунин кормандони масъули Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Байнулмилал иштирок намуданд. Дар ҳоле ки шумораи дақиқи беморони нав маълум нест ва он дар байни 200 то 400 нафар тахмин зада мешавад, ширкаткунандагони нишаст гуфтанд, чунин ҳолати истирорӣ аз соли 1996 то ҳоло пеш наомада буд. Ба ақидаи намояндагони Вазорати беҳдошт дар паҳн шудани беморӣ бо суръати баланд нопокии шабакаи оби ошомиданӣ ва набуди хлорро барои тоза нигоҳ доштани об сабаб медонанд. Ду шабонарӯзи гузашта шабакаи оби Душанбе аз кор монда буд, то ҳавзҳои полоиши об тоза карда шаванд. Ҳамчунин як миқдор хлор аз созмонҳои байнулмилал ба шабакаи оби Душанбе расонда шуд. Хатари уфуни домана ҳамчунин ба навоҳии атрофи Душанбе ва вилояти Хатлон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG