Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон -- дар номгӯйи кишварҳое, ки ҷинояти зидди журналистон беҷазо боқӣ мемонад



Салими Аюбзод

Тибқи хабарҳо аввали ин ҳафта бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмонов баррасии аксари ин парвандаҳо аз сар гирифта шуд.

Созмони дидбони ҳуқуқи журналистон дар гузориши нави худ номгӯйи 21 кишвареро нашр намуд, ки дар онҳо ҷинояткорон ва намояндагони давлат бидуни ҷазо журналистонро таҳдид мекунанд, мерабоянд, мекушанд ва ё мавриди шиканҷа қарор медиҳанд. Созмони Шабакаи Дамокл дар байни ин 21 мамлакат аз Тоҷикистон, Русия, Ироқ, вилояти Косово ва Украина ном бурдааст. Дар соли гузашта дар Русия панҷ журналист кушта шуд ва як нафари дигар бенишон гардид. Аммо мақомоти пажӯҳиши ҷиноӣ то ҳанӯз посухе ба саволҳои ҷомеъа ва журналистон надоранд. Дар Тоҷикистон ба гузориши созмони мазкур аз соли 1992 то имрӯз камаш 32 журналист кушта шуд, ки 18 нафари онҳо дақиқан барои касби худ ва ё мавқеъи касбии худ қатл шудаанд. Тибқи хабарҳо аввали ин ҳафта бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмонов баррасии аксари ин парвандаҳо аз сар гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG