Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон аз нав хатари уфуни домана ва таблараза ба миён омадааст



Хиромон Бақозода

Дар ҳоле ки чанд муддат ба ин сӯ дар ҷабҳаи мубориза бо бемориҳои уфунӣ дар Тоҷикистон ҳолати мӯътадил иттифоқ афтода буд, хабар расидааст, ки дар баъзе аз манотиқи кишвар аломатҳои сирояти домана ба қайд гирифта шудаанд.

Баъди хомӯшии нисбӣ дар вазъи куллии бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон ахиран хабаре расид, ки дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон боз 200 нафар бо эҳтимоли гирифторӣ ба домана мавриди пажӯҳиши табибон қарор гирифтаанд. Вазорати сиҳҳатии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, феълан дар Бохтар пизишкони умури домана ва мутахассисони баландпояи вазорат, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилал, вазъиятро меомузанд. Андре Рекҳиа, корманди дафтари ҳамоҳангсозии кумакҳои башарӣ дар Созмони Милал гуфт, дар миёни аҳолии ноҳияи Бохтар дар маҷмуъ 53 ҳодисаи воқеии домана қайд шудааст. Вай гуфт: "Феълан аз 200 ҳолати эҳтимолӣ 53 ҳодисаи воқеии домана тасдиқ шудааст. Созмони бритониёйии Мерлин дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустии Тоҷикистон сари вақт ин мавзуъро ба баррасӣ гирифтанд. Ин ниҳод ба беморон бо маводи тиббӣ ва дорувор кумак мекунад. Ва дар шароити беморхонаҳои маҳаллӣ табобати маризонро таъмин мекунад. Барои таҳкими ҷараёни имдодрасонӣ дафтари ҳамоҳангсозии кӯмакҳои башарӣ дар Созмони Милал низ ҳамроҳ шудааст. Ҳамчунин даъвати моро ташкилоти ғайриҳукуматии Ҷопон "ААР" пазируфта феълан беморонро 2-3 дафъа бо ғизои саривақтӣ таъмин мекунад". Андре Рекҳиа гуфт, аз таърихи 2 июл то имрӯз коҳиши теъдоди гирифторони домана қайд шудааст. Ин хабарро ҳамчунин дар дафтари созмони байнулмилалии Мерлин дар вилояти Хатлон ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Душанбе тасдиқ карданд. Ҷаноби Рекҳиа афзуд, онҳо умед доранд, ба наздиктарин фурсат ин маризӣ аз байн бурда мешавад. Ба иттилойи Созмони милал, густариши ногаҳонии домана дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон аз як канали маҳаллӣ сар задааст. Андре Рекҳиа, корманди Созмони Милал дар Душанбе гуфт: "Зоҳиран, оби канал сарчашмаи зуҳури домана шудааст. Феълан ҳаво дар ноҳия шадидан гарм аст, ки ин ҳам ба густариши маризиҳо сабаб мешавад. Мутаассифона, кудакон хеле зиёд аз ин об истифода мекунанд". Давид Заппа, як корманди созмони башарии Мерлин мегуяд, фавқулодда муҳим аст, ки дар миёни аҳолии Тоҷикистон маърифати беҳдошт боло бурда шавад. Зуҳурёбии макони нави домана дар Тоҷикистон имрузҳо то дараҷае хабари ногаҳонӣ аст. Дар миёнаҳои солҳои 1990 дар Тоҷикистон сирояти ба табиати ин кишвар бегонаи домана ва малярия густариш пайдо кард. Ва теъдоди беморон солона ҳазорҳо нафарро ташкил медод. Садҳо нафар аз домана ҳалок шуданд, ва бахши аъзамро кудакон ташкил медоданд. Ва аммо густариши сироят боиси таваҷҷуҳи зиёди созмонҳои башарӣ ба ин масъала гардид. Баъди соли 1997 табибони тоҷик тавонистанд роҳи нисбатан камхарҷ ва ба вижа, сари вақт ошкор ва муолиҷа кардани доманаву табларзаро ба роҳ монанд. Ҳудудан 20 шабонарӯз кофӣ аст, ки домана аз ҷисми инсон комилан пок бигардад. Дар ин робита, умеди созмонҳои башарӣ ва Андре Рекҳиа ҳам ин аст, ки рафъи домана дар миёни 53 нафар маризони ноҳияи Бохтар ба зудтарин фурсат даст медиҳад.

XS
SM
MD
LG