Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маскаву Душанбе асноди ҳуқуқии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро ба якдигар таслим карданд



Тоҳири Сафар



Тоҷикистон ва Русия асноди марбут ба мақоми ҳуқуқии пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистонро ба якдигар таслим кардаанд. Дар маросиме, ки рӯзи панҷшанбе баргузор гардид Талбак Назаров вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва кордори сафорати Русия дар Душанбе Левон Ҷагариён протоколи табодули асноди мазкурро имзо намуданд. Дар пайи ин маросим дипломати рус гуфт, ҳадаф аз имзои ин қарордодҳо ва асноди марбут ба он фароҳам кардани заминаҳои ҳуқуқии ҳузури воҳидҳои низомии Русия дар Тоҷикистон мебошад. Ӯ афзуд, ба қавли ӯ имзои ин санад қадами дигаре дар ростои таҳкими ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон мешавад. Русия дар Тоҷикистон 12 ҳазор марзбон ва дивизияи 201-уми тирандози худро ҷойгир намудааст.

XS
SM
MD
LG