Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Ҷаҳонии Футбол--2002: Натиҷаҳо, хулосаҳо, аҷоибот



Салими Аюбзод

Бо пирӯзӣ бар дастаи миллии Олмон бо ҳисоби 2:0 тими Бразилия барандаи Ҷоми Ҷаҳонии 2002 гардид. Ин поён пешгӯишаванда буд, аммо даҳҳо рӯйдоди ҳаяҷоновари бозиҳои қаҳрамонии футбол дар Корея ва Ҷопон фақат як таъсир доштанд: ҳайрат!



Ҷоми ҷаҳонӣ, ки аз дуним килограм тилои холис рехта шудааст, барои чор соли оянда дар Бразилия боқӣ хоҳад монд. Ҳукумати ин кишвар рӯзи душанберо ба муносибати ғалабаи дастаи миллии футболи он дар рақобатҳои ҷоми ҷаҳонӣ, рӯзи истироҳат ва ид эълон кард. Бозиҳои пур аз тазоду аҷойиботи соли 2002 ба поён расиданд. Хулосаи якуми онҳо ин буд, ки Осиё тавонист чунин мусобиқаи мураккабро баргузор намояд ва тартибу интизомро дар онҳо нигаҳ дорад. Дар 64 бозие ки дар Корея ва Ҷопон ҷараён гирифтанд, ягон ҳодисаи задухӯрди мухлисони футбол, сангу шишаафканӣ ба сӯйи бозингарон мушоҳида нашуд. Ин озмун, ки аввалин бор дар Осиё баргузор шуд, дастаҳои тавоно ва ҳунарманди Корея, Ҷопон, Сенегол ва Туркияро ба омал муаррифӣ намуд. Дар чемпионати оянда, соли 2006-ум дар Олмон барои дастаҳои осиёӣ як ҷойи иловагӣ дода хоҳад шуд. Дастаҳои аврупоӣ ва ё умуман тимҳои машҳур, монанди Фаронса, Аргентина, Италия, Испания, Англия, Португалия тақрибан аз оғози қувваозмойиҳо шикаст хӯрданд, ки аз як сӯ ба эҳтимоли рукуди ҳунари футбол дар ин кишварҳо ишора кунад, аз сӯйи дигар тағйири фазойи бозиҳоро бо бурузи тимҳои осиёӣ ва африқоӣ тасдиқ намуд. Аввалин бор дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳонӣ, на обрӯю эътибори спортии кишварҳо, балки ҳунари воқеъии онҳо, на техника ва тактикаи қолабишудаву таърихии бозӣ, балки кашфиёту рангорангӣ ва гардишҳои ғайримунтазира, на майнаи сард, балки дили пуршӯр ба мақоми аввал баромаданд. Ин ҳолат, махсусан баъди шикасти барандагони ҷоми ҷаҳонии гузашта Фаронса аз тарафи Сенегол ва мағлубияти Италия ба тавассути Хорватия, бозиҳоро ба ҷанги асабҳо табдил дод. Ин буд, ки дар зарбаҳои ёздаҳметра миёни Корея ва Испания панҷ зарбаи ёздаҳметра ба ҳадаф нарасид, ҳатто баъзан тӯб аслан ба самти дарвоза напарид. Аммо бо вуҷуди тазодҳои ҳайратовар, ба зудӣ бозии даставӣ ва ё гурӯҳӣ ба яккабозии чеҳраҳои шинохтаи ҳунари футбол ва раванди ғайриқобили пешгӯӣ ба мулоқоти рақибони қадимӣ -- Бразилия ва Олмон, табдил ёфт, аниқтараш бо баромадани Бразилия мисси чор сол пеш ба бозии ниҳоӣ, гӯё таърихи футбол такрор шуд. Ва инак, Бразилия бори панҷум қаҳрамони футболи ҷаҳон гардид. Ба ақидаи аксари шореҳони футбол ин сабқате буд миёни ҳуҷумкунандаи бразилӣ Роналдои 25-сола ва дарвозабони олмони Кани 33-сола. Шарҳи бозӣ ингуна буд:

Дар дақиқаҳои аввали бозӣ омлониҳо тундутез ҳарккат мекарданд ва таассуроте ҳосил мешуд, ки пирӯзӣ насиби онҳост. Онҳо чандин бор ба дарвозаҳои Бразилия ҳамла карданд, аммо таҳдиди воқеӣ дар ин ҳуҷумҳо кам буд. Бразилиҳо гӯё ба оҳистагӣ гарм мешуданд ва дар дақиқаҳои охири қисмати аввали бозӣ Клеберсон зарбаи сахте ба дарвозаи олмониҳо зад, аммо ба ҳадаф нарасид. Зарба ба болочӯби дарвоза хӯрд. Мухлифон дар стадион ва назди телевизорҳо аз ҳаяҷон фиғон кашиданд. Чанд сония пеш аз поёни қисмати аввал Роналдо баъди гирифтани тӯб аз Роберто Карлоси чолок тӯбро ба самти дарвозаи олмониҳо зад, вале дарвозабон Оливер Кан ин зарбаро бо пояш баргардонд. Даҳ дақиқаи охир бразилиҳо бартарии худро нишон доданд ва панҷ бори дигар имкони садфойиза доштанд, ки ҳисобро боз кунанд. Қисмати дуюми бозӣ бо ҳамлаҳои пайдарпайи олмониҳо сар шуд. Чунин ба назар мерасид, ки мураббии онҳо Руди Фёлер сахт танбеҳашон додааст ва акнун онҳо ба худ омадаанд. Аммо бозии онҳо тибқи ҳамон як нақша ва гӯё механикӣ идома мегирифт. Дар марҳилаи охир, яъне дар майдончаи ҷаримавии бразилиҳо ин механизм аз кор мемонд. Ҳама мунтазир гол буданд. Ҳатто барои баъзе бинандагон фарқ надошт, кадом тараф гол мезанад. Бозии ниҳоӣ бояд пур аз гол бошад. Жилберто Силва тӯберо ки аз боло ба самташ равона шуда буд, хост бо сар вориди дарвоза кунад. Аммо дарвозабони машҳури олмониҳо Кан тӯбро аз ҳаво дошт. Танҳо дар дақиқаи 67-ум ҳаяҷони бинандаҳо ва фарёди онҳо ба фалак печид. Гол. Баъди зарбаи сахт, хеле сахти Ривалдо, дарвозабон Кан тӯбро баргардонда бошад ҳам, натавонист дар даст нигаҳ дорад ва тӯби ғелидаистодаро бо як зарбаи оддӣ Роналдо ба кунҷи дарвоза партофт. Ин ҳафтумин голи Роналдо дар ҳафт бозии ин мусобиқаҳо буд. Мураббиён ва бозигарони захиравии Бразилия бо доду фиғон ҳамджигарро ба оғӯш мекашиданд ва куллан рӯҳияи тими Бразилия иваз шуда буд. Вале олмониҳо ҳанӯз умеди қавӣ доштанд ва аз самти чап ва гоҳе рост ҳамла мекарданд. Баъди панҷ дақиқа мураббии олмониҳо барои таҳкими ҳамла Мирослав Клозеро иваз кард. Нирӯи нав Оливер Бирҳофф баромадан замон ба дарвозаи Бразилиҳо зарба зад, аммо комёб нашуд. Вақте ки то поёни бозӣ 11 дақиқа монда буд, боз се "Р" Роналдо, Ривалдо ва Ривалдинйо дар ҷабҳаи марказ ба даврозаи Кан наздик шуданд. Ривалдо тӯберо ки барояш партофта шуд, нагирифт ва аз миёни пойҳо онро барои Роналдо сар дод. Роналдо дар рӯбарӯи ҳарифаш Оливер Кан, дарвозабони Олмон як исти кӯтоҳ кард ва вақте ки Кан ба замин афтод, бо як зарбаи чархзанонанда тӯбро ба тӯри дарвоза фиристод. Ин голе буд, ҳамагонро ба ваҷд овард ва пирӯзии Бразилияро ончунон усутвор кард, ки дигар то поёни бозӣ чизе тағйир наёфт.

Дертар, баъди поёни бозӣ Оливер Кан иқрор кард, ки агар бори аввал тӯбро ба даст мегирифт ва аз худ дур намегузошт, Роналдо наметавонист гол занад ва ҳисоб боз гардад ва шояд рафти бозӣ таври дигар мешуд. Кан, ки сардори дастаи Олмон низ аст, худро гунаҳкори ин шикаст номид. Бо вуҷуди ин Кан беҳтарин дарвозабони ҷоми ҷаҳонии 2002 шумурда шуд. Аммо Роналдо бо ҳашт гол беҳтарин зарбазани ин мусобиқаҳо эълон гардид, ки аз ин лиҳоз бо Пелеи афсонавӣ баробар карда мешавад. Иттифоқан худи Пеле ва ҳам Диего Марадона, бозингари машҳури Аргентина дар миёни меҳмони ифтихории мусобиқаҳо буданд. Дар хурсандии ғалаба, бразилиҳо шояд камтар бо ин хабари нав эътибор доданд, ки барои ширкат дар мусобиқаҳои оянда дар Олмон онҳо бояд ҳамаи зинаҳои аввалияро сипарӣ кунанд. То ҳамин бозӣ, қойидаи ФИФА ин буд, ки қаҳрамони ҷаҳон ба таври автоматик дар бозиҳои оянда иштирок хоҳад кард. Ва ҳамчунин ФИФА гуфт, формулбандии бозиҳои ибтидоиро дар Амрикои Ҷанубӣ тағйир хоҳад дод, зеро дар ин ҷо ҳар тим барои ҳуқуқи ширкат дар чемпионат 18 бозӣ анҷом медиҳад. Намояндагони расмии Олмон баргузории мусобиқаҳои соли 2006-умро дар кишвари худ эълон карданд ва гуфтанд, камбудиҳои ин сабқатро дар Олмон ислоҳ хоҳанд кард. Аз ҷумла фурӯши озоди билетҳо, намойиши озоди бозиҳо дар телевизионҳои мустақил ва назоратро аз болони росткории доварон. Дар маросими тақдими Ҷоми ҷаҳонӣ, олмониҳои афсурда ва ноумедшуда, танпӯшҳоеро ба бар карда буданд, ки дар онҳо навишта шуда буд: То дидор дар Олмон. Барои бразилиҳо ин матн шояд чунин садо медод, ки он гоҳ, дар Олмон хоҳем дид, ки кӣ зӯр.

XS
SM
MD
LG