Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари таркиши мина дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон боз ду нафар ба ҳалокат расид



Хоҷа Мирзода



Боз ду шаҳрванди Тоҷикистон қурбонии минаҳои зидди афрод дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон шуданд. Ба қавли раёсати умури дохилии вилояти Суғд сокинони минтақаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом Аминҷон Ҳайдаров ва Илҳом Фозилов 24 июни соли равон бар асари таркиши минаи зиддифардӣ ба ҳалокат расиданд. Додситони шаҳри Конибодом Раҳмонбердиев ба хабаргузории "Варорӯд" гуфтааст, ки Ҳайдаров ва Фозилов барои харидани маркаб ба ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Узбакистон сафар карда буданд. Онҳо субҳи якшанбе 23 июн аз посгоҳи Патар вориди хоки Узбакистон шуда, 24 июн ҳангоми бозгашт дар қаламрави Узбакистон рӯи мина қадам гузоштаанд ва бар асари таркиш ҳар ду дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон ҷои ҳодисаро аз назар нагузаронидаанд, зеро ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Узбакистон ба онҳо чунин иҷозат тақдим накарданд. Ҷасадҳо рӯзи панҷшанбе аз шаҳри Қуқанд ба Тоҷикистон, ба ноҳияи Конибодом интиқол ёфтанд. Хуллас, танҳо чизе ки ҳозир ошкор мебошад, ин аст, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон муқаррароти убури марзро вайрон намуда, ҳаёти худро аз даст доданд. Соли равон ин аввалин ҳодисаи фавти шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи миёни ду кишвар аст. Ба навиштаи хабаргузории "Варорӯд" теъдоди қурбониҳои майдонҳои минаи Узбакистон камаш 53 нафар кушта ва аз 57 то 66 маҷрӯҳро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG