Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон панҷумин солгарди имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ таҷлил гардид



Тоҳири Сафар



Дар Тоҷикистон рӯзи 27 июн панҷумин солгарди имзои созишномаи умумии барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар хотима дод таҷлил гардид. Тибқи фармони раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмонов 27 июн рӯзи истироҳат эълон шудааст. Рӯзи чоршанбе дар як нишасти бахшида ба ин рӯз президент Раҳмонов гуфтааст, бо имзои ин созишнома тоҷикон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон доданд, ки ҳамчун миллат дорои фарҳанг ва таърихи бой ҳастанд ва дар ҳар замон барои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ талош мекарданд. Ба гуфтаи хабарнигори мо дар Душанбе имрӯз дар пойтахт бахшида ба ин ид сайругашти идона ва маъракаҳои зиёди фарҳангӣ доир шуданд.

XS
SM
MD
LG