Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом ва амният дар Осиёи Марказӣ: Маҳфили байнулмилал дар Алмати



Салими Аюбзод

Дар нишаст чандин бор аз ҷанги Тоҷикистон ва ширкати нирӯҳои исломӣ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон намуна оварда шуд. Хулоса ин буд, ки набояд таҳкими амният дар ивази поймол шудани ҳуқуқи инсон ба даст ояд.



Шикасти Толибон дар Афғонистон, ки илҳомбахши гурӯҳҳои тундрави исломии Осиёи Марказӣ шумурда мешуданд, дар ташаннуҷи миёни ҳукуматҳои дунявӣ ва мухолифони исломии ин минтақа танаффусеро ба миён овард. Чунин буд яке аз натиҷагириҳо дар нишасти байнулмилалии коршиносони умури Осиёи Марказӣ дар Алмато, ки бо ташаббуси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дойир гардид. Дар ин нишаст намояндагони марказҳои байнулмилалии омӯзишӣ, вакилони парламент ва ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, коршиносон ва рӯзноманигорон аз кишварҳои минтақа ва ҳамчунин намояндагон аз Иёлоти Муттаҳида ва Русия ширкат варзиданд. Зикр шуд, ки нақши, ба истилоҳ "омили исломӣ" дар саҳнаи сиёсии минтақа рӯ ба афзйоиш аст ва ҷанги зидди ваҳташанафканӣ дар Афғонистон ба вазъият як сукути нофаҳмое ворид намудааст. сухангӯёни маҳфили байнулмилал гуфтанд, бо вуҷуди танаффус дар хушунатҳо, ҳанӯз наметавон хатари бунёдгароии динӣ ва коҳиши шиддати вазъи сиёсиро дар ин минтақа воқеъияти рӯз шумурд. Дар айни замон ширкаткунандагони нишаст зарурати гузоштани фарқро дар миёни ислом ва тундравии исломӣ зикр намуданд. Саодат Олимова, мудири бахши ҷомеъашиносӣ дар Маркази пажӯҳишотии Шарқ, дар нишасти мазкур гуфт, барои гурез аз гаройиши мусулмонони сиёсӣ ба тундравӣ бояд ба онҳо дар ҷомеъа нақши бештаре дода шавад. "Барои Тоҷикистонтаҷрибаи ҷанг ва ҳафт соли нооромӣ даркор шуд, то муайян гардад, ки исломро наметавон аз саҳнаи сиёсӣ берун нигаҳ дошт," гуфт хонум Олимова ва афзуд, Тоҷикистон ягона кишварест, ки ҳизби исломӣ дар саҳнаи сиёсӣ фаъолият нишон медиҳад. Танҳо нирӯҳои мӯътадил ва қонунии исломӣ метавонанд, нақши оппозисюни созандаро иҷро кунанд ва мардумро аз таъсири гурӯҳҳои тундрав эмин доранд. Дар бархе аз ҷомеъаҳои дигари хеле пӯшида ва автократӣ, ки ташаннуҷҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ баланд мебошанд, ҳама гуна дигаргунӣ ба таври ҳатмӣ исломро ба низоъ мекашонад, гуфт Султон Ҳакимбеков, сардабири маҷаллаи Континент. Райиси дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Алмати, Ҳенрих Ҳаупт гуфт, масъалаи таҳкими амният набояд баҳонае бошад барои поймол шудани ҳуқуқи инсон ва саркӯб гаштани нирӯҳои мухолиф. Ба ақидаи Саодат Олимова, донишманди тоҷик, ҳуукматҳои минтақа ҳанӯз имкони инро доранд, ки бовари мардумро ба даст оранд, вале ин фурсати онҳо то рафт камтар мешавад. Хонум Олимова аз Ӯзбакистон намуна овард, ки сарони он барои рушди иқтисодӣ фурсати хеле кам доранд ва танҳо дар ҳоли рушду пешрафт метавонанд, дар сари қудрат боқӣ бимонанд. Дар суханрониҳои нишасти байнулмилалии "Ислом ва амният дар Осиёи Марказӣ" натиҷагирии куллӣ ин буд, кибе риояти ҳуқуқи инсон, озодии матбуоту баён ва қатъи фишору таъқибу шиканҷа нисбати дигарандешон амнияту осойиш ғайримумкин хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG