Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири хориҷии Тоҷикистон ба кишвар ворид шудани сарбозони Ал-Қоидаро рад кард



Саидқосим Ҷалолов



Талбак Назаров - вазири хориҷии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ дар Абу Дабу гуфт, шикасти Толибон ба оромии вазъ дар Осиёи Марказӣ мусоидат намуд. Ӯ афзуд, режими Толибон ба сулҳу амният дар минтақа таҳдид мекард ва мехост Тоҷикистонро ба кишвари транзити маводи мухаддир табдил бидиҳад. Талбак Назаров иттилоъро дар бораи ворид шудани размандагони шикастхӯрдаи созмони Ал-Қоидаро ба Тоҷикистон қатъи рад намуд ва гуфт, ки онҳо на ба шимол балки сӯи ҷануби Афғонистон фирор карда буданд. Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, вазъ дар Афғонистон ба наздикиҳо ба эътидол нахоҳад омад, зеро дар тӯли 23 сол дар кишвар мушкилоти зиёде пайдо шудаанд, ки ҳаллашон мушкил аст.

XS
SM
MD
LG