Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳлилгарон аз Ғарб даъват кардаанд, ба дини ислом бо чашми ҳақиқатбин нигарад



Салими Аюбзод

Нуктаҳои асосии симпозиуми илмии "Ислом ва Демократия" дар Пажӯҳишгоҳи Сулҳи Иёлоти Муттаҳида (Вашингтон) дар мавриди созгорӣ ва ё носозгории дини ислом ва усули мардумсолорӣ ва ё худ демократия.



Чаҳор таҳлилгари умури байнулмилал дар нишасте дар Вашингтон гуфтанд, ғарбиён набояд исломро падидаи ба демократия носозгор шуморанд, ҳарчанд ки аксари кишварҳои мусулмон подшоҳигарӣ ва дар баъзе маврид ҳатто диктаторӣ ҳастанд. Дар амал, гуфт, яке аз нотиқони симпозиуми Ислом ва Демократия дар Пажӯҳишгоҳи Сулҳи Иёлоти Муттаҳида дар Вашингтон, баъзе аз кишварҳои мусулмон ҳарчӣ бештар хислати демократӣ касб мекунанд. Нойиби президенти Конуни уламои иҷтимоии мусулмон Муқтадирхон гуфт, яке аз сабабҳои рушд наёфтани демократия дар ҷаҳони ислом сӯйитафоҳуми Ғарб аст, ки меангорад, ислому демократия ду чизи ба ҳам зидданд. Вай гуфт: "Ба фикри ман, олами ислом ва Ғарб дар ҳоли ҳозир бо ҳам тарзе муносибат доранд, ки ман онро бархӯрди устураҳо меномам. Ин бархӯрди манофеъ ва ё тамаддунҳо нест, бархӯрди мифҳост."

Муқтадирхон афзуд, бо сабаби ин ки Амрико ҳамчун пешгоми демократия бо баъзе кишварҳои мусулмон мушкилот дорад, худи мусулмонҳо аксаран нисбати Амрико ва давлатдории он меҳри кам нишон медиҳанд. Аммо бо вуҷуди ин 750 миллион мусулмон дар мамлакатҳое зиндагӣ мекунад, ки ба ин ё он дараҷа демократӣ мебошанд. Ба ақидаи Хон, Ислом аносире дорад, ки бо демократия хеле муносибанд, чунончи сарҳисоби инфиродӣ ва эҳтироми ҳуқуқи фард. Вай гуфт, дар қарни ҳафтум дар Мадинатуннабӣ, таҳти ҳукумати ҳазрати пайғамбар Муҳаммад саллалоҳу алайҳи вассаллам, ҳуқуқи баробари ҳамагон ҳам мусулмон ва ҳам ғайри мусулмон таъмин карда мешуд ва амали ҳукумат бар машварат бо мардум асос ёфта буд. Сухангӯйи дигар Маҳмуди Маншипурӣ, аз Донишгоҳи Квиннипак дар Коннектикут, гуфт, дар байни худи мусулмонҳо рӯйи бисёр масъалаҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад ва онҳоро ба муҳофизакорон, ислоҳотҷӯён ва дунявиятхоҳон ҷудо мекунад. Аммо, бар изофаи ин се гурӯҳ Маншипурӣ аз ду гурӯҳи нав ёд кард, ки ба диди ӯ барои олами ислом ояндасоз мебошанд: "Яке ҳаракати занон ва дигаре ҷавонон аст. Ин ду ҳаракати худрӯ ва дар ҳоли густариш ба ояндаи ҳуқуқи инсон дар олами ислом таъсири азим хоҳанд гузошт."

Маншипурӣ мегӯяд, ҷомеъаҳои мусулмон бояд аз ин ҳаракатҳо пуштибонӣ кунанд, агар мехофҳанд ба баробарӣ дар ҷомеъа даст ёбанд. Таҳлигари сеюм, Нил Ҳикс, ин гуна хушбин нест. Мудири барномаи ҳимоят аз ҳуқуқи инсон дар Кумитаи Адвокатҳои Ҳуқуқи Башар ба аҳли нишаст гуфт, давлатҳои мусулмон аз он омодагие, ки кишварҳои собиқ коммунисти Аврупои Шарқӣ ва Шӯравии Собиқ дар пазириши ақидаҳои демократӣ нишон доданд, маҳруманд. Аммо Ҳикс афзуд, ин ба чунин мазмун нест, ки мусулмонҳо ба ҳуқуқи инсон бетафовут мебошанд. Баракс, гуфт Ҳикс баъзе сиёсатҳои Амрико демократияро дар чашми мусулмонон беқадр мекунад. Ба ақидаи Ҳикс, мусулмонҳо Амрикоро дар дурӯягӣ айбдор мекунанд, ки аз як сӯ демократяи ва ҳуқуқи инсонро таблиғ мекунад ва аз сӯи дигар бо диктаторҳо ва раҳбарони золим дӯстӣ карда, бойиси дарозумрии сиёсии онҳо мегардад. Таҳлилгари чорум Лейтс Кубба, аз Бунёди кӯмак ба демократия гуфт, вақти он расидааст, ки Ғарб аз ташвиқи ҷаҳони ислом ба самти демократия даст кашида, нисбати ҳар давлат дар алоҳидагӣ тасмим бигирад. Аммо хулоса ин буд, ки ҳар чор коршиноси умури байнулмилал, розиянд, ки дар оянд ислоҳотҷӯён ва гурӯҳҳои ислоҳотхоҳи маҳаллӣ фишори худро барои беҳбуд дар кишварҳои хеш идома диҳанд ва Иёлоти Муттаҳида бояд ба рушди демократия дар ин мамолик кӯмак расонад, аммо бидуни таҳмили иродаи худ.

XS
SM
MD
LG