Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ЭЪЛОН!



Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ

Дӯстони арҷманд! Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ аз шумо даъват мекунад, ки дар барномаи нави мо "Занги телефон" иштирок намоед.

Инак, риштабарномаи нави Радиои Озодӣ. "ЗАНГИ ТЕЛЕФОН" Радиои Озодӣ дар сӯҳбат бо шунавандагони худ. Аз зиндагӣ. Аз шодию ғам. Аз дирӯзу имрӯзу фардо. Аз ватан.

Мо интизори шумораи телефонҳои шумо.



Ҳар хоҳишманд метавонад ба Радиои Озодӣ, дар Прага, Душанбе, Маскав, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хорӯғ, Тошканд ва ҳар шаҳре ки мо он ҷо хабарнигор дорем, муроҷиат кунад ва бо тақдими шумораи телефони худ дархост намояд, ки Радиои Озодӣ барояш занг занад. Рағбатмандон ҳамчунин метавонанд ба воситаи почтаи электронӣ шумораи телефони худро ба мо фиристанд ва омодагӣ бигиранд барои гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ. Аз шумо фақат ҳамин тақозо мешавад, ки ба Душанбе бо телефонҳои 215747 ё 240418, дар Хуҷанд ба телефони 43460, дар Маскав 973 0640, дар Тошканд 137 4964, дар Алмато 40 54 43 ва ба унвони и-мейли мо телефон кунед, нависед, шумораи телефони худро бифиристед. Ва як шомгоҳ садойи занг дар хонаи шумо баланд мешаваду шуморо бо Радиои Озодӣ мепайвандад ва бароятон имкон медиҳад фикру ақидаи худро ба ҳамаи шунавандагони дигари мо баён доред.

XS
SM
MD
LG