Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон дар интизори ҳукумати нави убурӣ



Салими Аюбзод

Ҳомид Карзай, раҳбари ҳукумати убурии Афғонистон, эълон кард, ки ҳайъати ҳукумати навро омода кардааст, аммо зарурат ба машваратҳои бештар дорад, зеро масъала ба сарнавишти миллатҳо дар Афғонистон дахл мекунад.



Ҳомид Карзай, раҳбари ҳукумати убурии Афғонистон шоми сешанбе эълон кард, номгӯйи аъзои ҳукумати нави ӯ омода аст, аммо ин номгӯй ба машварат ниёз дорад, зеро мавзӯъ ба ҳуқуқи гурӯҳҳои этникии Афғонистон пайванд мегирад. Бо ин баёния вай аз ваклиони Луя Ҷирга дархост намуд, барои эълони ҳайъати кобинаи нав як рӯзи дигар мӯҳлат дода шавад. Ақидаи густарда дар миёни вакилони Луя Ҷирга, ба қавли Ассосиейтед Пресс ин аст, ки гӯё қудрати аслӣ дар дасти тоҷикҳои панҷшерӣ, намояндагони Эътилофи шимол аст ва ин мувозанатро дар ҳукумат ба ҳам задааст. Ҳомид Карзай, раҳбари ҳукумати интиқолии Афғонистон мебойист, номи вазирони асосии ҳукумати навро эълон мекард, вале ин амал чандин бор ба таъхир афтод ва дар толори Луя Ҷирга беқарориҳоро ба миён овард. Бархе аз вакилон ба навиштаи хабаргузориҳо, изҳори норозигӣ мекунанд, ки ташкили ҳукумат бе иштироки онҳо сурат мегирад. Хонум Раҳима, вакили Луя Ҷирга аз мазори Шариф мегӯяд, мо дар Кобул барои он ҷамъ шудем, ки ҳукумати навро интихоб кунем, аммо ҳамаи тасмимҳо на дар ҷирга, балки ҷойи дигар гирифта мешаванд. Аммо сухангӯйи Карзай Тойиб Ҷавод гуфтааст, сардори ҳукумати убурӣх дар Луя Ҷирга танҳо аъзои кобинаи навро эълон мекунад ва зарурат ба тасдиқи онҳо аз тарафи вакилони ҷирга вуҷуд надорад. На, вакилони Луя Ҷирга, бояд аъзои ҳукумати нав, сохтори ин ҳукуматро тасдиқ кунанд, гуфтааст Фиристодаи хоси Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон Залмай Халилзод. Ба гуфтаи ӯ Карзай бояд номзадҳоро ба мақомҳои асосӣ пешбарӣ ва Луя Ҷирга онҳоро тасдиқ кунанд. Ва инро созишномаи Бонн тақозо мекунад. Умар Захилвол, вакили Луя Ҷирга гуфтааст, мо дар ин ҷо барои онем, ки Карзайро нирӯмандтар созем, аммо ӯ то ҳол натавонистааст, аз ин нирӯ истифода кунад. Вай кӯшиш дорад, бо ҳама хуш бошад, дар натиҷа мардум нохуш ва ҷангсолорон дилхушанд. Вакили дигар, Муҳаммад Довуд ба хабарнигори Ассосиейтед Пресс гуфтааст, набояд масъалаи миллӣ матраҳ бошад, барои мо миллияти вазирон муҳим нест, кордонии онҳо аҳамият дорад. Аммо таҳлилгари умури Афғонистон Барнет Рубин мегӯяд, ҳар гурӯҳи этникӣ дар ин анҷуман ва ҳар сарвари сиёсӣ ва ё сулолавӣ кӯшиш дорад, то ҳадде ки метавонад, манфиатҳои зиёдтар ба даст орад. Ва яке аз мушкилҳои ҷиддии Карзай ин аст, ки вай бояд Фаҳимро дар мақоми вазири дифоъ ҳифз кунад ва агар номзадии Фаҳим ба овоздиҳӣ гузошта шавад, Карзай ӯро аз даст хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол баъди чандин рӯзи баҳсу мунозираҳои тезутунд дар Луя Ҷирга, нақшаи ташкили парламенти давраи интиқолӣ ба миён гузошта шуд. Ин барномаро садри Луя Ҷирга Исмойили Қосимёр пешниҳод намуд. Тибқи он аз ҳар 32 вилояти Афғонистон ду нафарӣ ба шӯрои миллӣ шомил хоҳанд шуд. Ҳамчунин 15 курсӣ хоси занон эълон шуд ва онҳо бояд аз миёни худ дар ҳамин ҷирга ба 15 ҷой намоянда интихоб кунанд. Ҷаноби Қосимёр эълон кард, ки дар айни замон бар изофаи ду нафарӣ аз ҳар вилоят як шумори вакилони Луя Ҷиргаи изтирорӣ узви шӯрои миллии давраи убурӣ таъин хоҳанд шуд. Ба навиштаи Ассосиейтед Пресс созишномаи Бонн ташкили чунин шӯроро тарҳрезӣ накардааст ва ин масъала дар ҳамин Луя Ҷирга зуҳур кард. Нақшаи феълӣ ба ақидаи аксари таҳлилгарон ҳадаф дорад, намояндагии густардаи ақвому қабойили Афғонистонро дар қудрати қонунгузор саҳим намояд ва бо ин роҳ, махсусан аксарияти паштунро қонеъ созад, ки тақсими қудрат одилона ҷараён мегирад. Вале вакилони паштуни анҷуман талаб доранд вакилон аз ҳар 381 вулусволӣ интихоб шаванд. Ин чунин маънӣ хоҳад дошт, ки онҳо дар шӯрои миллӣ аксарияти куллро ба даст хоҳанд овард. Ассосиейтед Пресс менависад, дар ҳоле ки худи паштунҳо худро 65 дарсади аҳолӣ мешуморанд ва мегӯянд, дар қудрат ба таври муносиб намояндагӣ надоранд, дар Афғонистон ҳеҷ гоҳ саршумори дақиқу дурусти аҳолӣ гузаронида нашудааст ва дарсади ҳар гурӯҳи этникӣ дар харитаи Афғонистон норӯшан боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG