Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳар сол то ним миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кори мавсимӣ ба мамолики собиқ Шӯравӣ муҳоҷират мекунанд



Хоҷа Мирзода

Ҳар субҳ то чор ҳазор зану марди тоҷик дар назди кассаҳои хадамоти роҳи оҳани Тоҷикистон ҷамъ шуда, кӯшиш мекунанд ба қатораи роҳи оҳани Душанбе-Астрахан билет харидорӣ намоянд.

Ҳар субҳ то чор ҳазор зану марди тоҷик дар назди кассаҳои хадамоти роҳи оҳани Тоҷикистон ҷамъ шуда, кӯшиш мекунанд ба қатораи роҳи оҳани Душанбе-Астрахан билет харидорӣ намоянд. Қатора ҳафтае ду дафъа ба роҳ баромада, ҳамагӣ ҳафтсад ҷой дорад. Ҳамин тариқ бахши бузурги муштариён билет ёфта наметавонанд, вале барои аксари онҳо, ки ба мамлакатҳои дигар барои дарёфти кор муҳоҷират менамоянд, ин ягона воситаи дастраси нақлиёт аст. Созмони Байналмилали Муҳоҷират тахмин мекунад, ки ҳар сол то ним миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кори мавсимӣ ба Русия, Қазоқистон ва дигар мамолики собиқ Шӯравӣ муҳоҷират мекунанд. Муҳоҷирати номуназзами корӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ гузошта, манбаи ташаннуҷи сиёсӣ бо кишварҳои ҳамсоя мебошад. Баъди ҳодисаҳои 11 сентябр ва оғози амалиёти зиддитеррористӣ му ддате Қазоқистон бо нигаронӣ аз муҳоҷирати номуназзами тоҷикон рафтуомади қатораҳои мусофиркаши Тоҷикистонро дар қаламрав манъ кард. Дар паёми солонаи президенти Тоҷикистон ба Парламент ва мардуми Тоҷикистон масъалаи танзими муҳоҷирати корӣ мавқеи муҳим дошт. Эмомалӣ Раҳмонов гуфта буд. Барои ҳазорҳо оилаи тоҷик даромади муҳоҷирони корӣ ягона маншаи рӯзгузаронӣ мебошад. Ба қавли баъзе шореҳон маблағи умумие, ки муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон меоранд, аз буҷҷети ҷумҳурӣ ду баробар зиёд аст. Ба гуфти Игор Боск сарвари намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон тақрибан навад дар сади муҳоҷирони тоҷик расман дар ҷое қайд намешаванд ва аз ин рӯ мавриди ғорату зӯроварӣ қарор мегиранд. Таҳлигарон бар ин фикранд, ки иқдомҳои мақомоти Тоҷикистон дар моҳҳои ахир на танҳо ба танзиму тартиби муҳоҷирати корӣ, балки ҳамчунин ба ҳифзи ҳуқуқи кориву башарии муҳоҷирони тоҷик кӯмак мерасонад. Дар охирҳои соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон КОНЦЕПЦИЯ ё худ чорчӯби муҳоҷирати кориро қабул кард. Бар пояи он мақомоти кишвар низоми тақдими иҷозатнома ва назорати ширкатҳои таъмини корро ташкил доданд. Маркази иттилоотии Евразиянет навиштааст: аз панҷ ширкате, ки феълан бо таъмини кор дар хориҷа машғул мебошанд, чорто бо ниҳодҳои ҳукумат ҳамкорӣ доранд. Ҳукумат интиқоли байнибонкии пулро осон кард. Акнун муҳоҷирон метавонанд пули худро мустақиман ба оилаҳояшон бифиристанд. Дар ин робита Созмони Байналмилалии Муҳоҷират тасмим гирифтаст, ки рӯзи 18 июн Конфронсе баргузор намуда, бо намояндагони вазоратҳову муассисаҳои давлатӣ, ширкатҳои манфаитдор ва воситаҳои ахбори умумро дар бораи лоиҳаи барномаи давлатии муҳоҷирати корӣ табодули назар ташкил кунад. Аз сарвари намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон Игор Боск хоҳиш кардам, ки дар бораи ин Ҷамъомад ва натиҷаҳои эҳтимолии он ба шунавандагони БТРО иттилои бештар диҳад.

Дар идомаи сӯҳбат Игор Боск илова кард, ки Созмони байналмилалии Муҳоҷират саъй дорад, то ҳадалимкон муҳоҷирони ояндаро аз шароити кишварҳои мавриди муҳоҷират ва кор бохабар намояд.

XS
SM
MD
LG