Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон омадани сел ва обхезӣ сабаби марги чор нафар шудааст



Тоҳири Сафар



Ба иттилоъи хабарнигори мо дар шаҳри Душанбе шаби гузашта ду зан ва ду кӯдак дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ ба дарёи Зарафшон афтода ба ҳалокат расиданд. Дар натиҷаи боришоти сел ва обхезии дирӯза ҳамчунин дар қисмати шарқии шаҳри Душанбе пойтахт 24 хона комилан хароб шуда, 120 манзили дигар хисорот диданд. Ҳаҷми умумии зарар ба гуфтаи Абдураҳим Раҷабов муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон беш аз як миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин вазорат ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кардааст, ки ба оилаҳои офатзада кӯмак расонанд.

XS
SM
MD
LG