Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзойиши шикоятҳо дар дуюмин рӯзи Машварати Бузурги афғонҳо



Салими Аюбзод



Дар дуюмин рӯзи Машварати Бузурги афғонҳо, ки мебояд, сардори давлати Афғонистонро барои 18 моҳи оянда интихоб кунад, иҷлос ба оҳистагӣ пеш рафт ва баҳс асосан бар сари садри маҷлис ва ё гардонандаи Луя Ҷирга ҷараён гирифт. Дар нимаи аввали рӯз хабарҳо нашр шуд, ки як гурӯҳ вакилони анҷуман ба нишони эътироз онро тарк карданд, аммо хабарнигорони бахши афғонии Радиои Озодӣ дар Кобул ин хабарро тасдиқ накарданд. Баҳси дигаре ки суръати кори Шӯрои Бузургро ба мушкил рӯбарӯ кардааст, шумораи вакилон аст, ки сад нафар бештар аз шумораи пешбинишуда мебошад ва райиси кумисюни ташкили Луя Ҷирга Исмойили Қосимёр гуфтааст, номуайянӣ миёни вакилон ва меҳмонон ҷараёни овоздиҳиро печида месозад.

XS
SM
MD
LG