Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи талошҳо барои ҳалли таниши байни Ҳинду Покистон



Нурмуҳаммади Холзода

Дар мулоқоти раҳбарони 16-кишвари Осиёӣ ба ҷуз аз масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ҳалли бӯҳрон дар муносиботи Ҳиндустону Покистон низ яке аз масоили аслӣ буд.



Дар мулоқоти раҳбарони 16-кишвари Осиёӣ ба ҷуз аз масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ҳалли бӯҳрон дар муносиботи Ҳиндустону Покистон низ яке аз масоили аслӣ буд. Русияву Чин ба раҳбарони ин ду кишвар фишор оварданд, ки барои ҷилавгирӣ аз муноқишаи Кашмир ихтилофи мавҷударо дар мулоқоти рӯ ба рӯ ҳал кунанд ва доманаи муноқиша миёни ду кишвари дорои аслиҳаи ҳастаӣ густариш наёбад. Вале аз лаҳни раҳбарони Покистону Ҳиндустон дар иҷлоси амниятии Осиё чунин ба назар мерасад, ки ин ду раҳбар беш аз пеш аз мулоқот бо якдигар дурӣ гирифтаанд. Атал Биҳари Ваҷпаӣ-нахуствазири Ҳиндустон изҳор кард, то замоне, ки терроризми байнимарзӣ бо Покистон ба поён нарасад, вай бо Парвиз Мушарраф ба гуфтугӯ нахоҳад нишаст:

"Ҳар гоҳ, ки муносиботи Ҳиндустону Покистон ба душворӣ рӯ ба рӯ шавад, ҳамеша Ҳиндустон ибтикори баргузории музокиротро ба даст мегирад. Дар чаҳор соли гузашта ман ба Лоҳур рафтам ва Парвиз Мушаррафро ба Агра даъват кардам. Мо такрор ба такрор гуфтаем, ки мехоҳем ҳамаи масоилро бо Покистон баррасӣ кунем, ба шумули масоили Ҷаму ва Кашмир. Вале ббаа терроризми йнимарзӣ бояд хотима дода шавад".

Дар имтидоди ду ҳазору нуҳсаду дувоздаҳ километри марзи миёни Покистону Ҳиндустон ҳудуди як милён сарбоз аз ду ҷониб бар зидди якдигар сангар гирифтаанд. Гаҳ-гоҳе миёни ин нирӯҳо тирандозӣ сурат мегирад ва талафоти ҷонӣ низ вуҷуд дорад. Парвиз Мушаарраф-нахуствазири Покистон дар шаҳри Алмато дар ҳоле, ки панҷ метр дуртар аз Атал Биҳари Ваҷпаӣ-нахуствазири Ҳиндустон нишаста буд, дар робита бо ин бӯҳрон чунин изҳор кард:

"Мо ҷангро намехоҳем. Мо ҷангро оғоз намекунем. Вале агар ҷангро ба мо таҳмил кунанд, мо бо қотеъияту иродаи қаввӣ худро дифоъ мекунем".

Дар гуфтугӯҳои Алмато ҳар ду ҷониб дар сухан гуфтаанд, ки ба музокира омода ҳастанд. Ба гуфтаи Путин- раиси ҷумҳури Русия, Ҳиндустон қавл додааст, ки дар истифодаи аслиҳаи ҳастаӣ пешдастӣ нахоҳад кард. Зиянг Земин-раҳбари Чин тарафҳои муноқишаро водор кардааст, ки бидуни таъхир ихтилофоти мавҷударо сулҳомез ҳал кунанд. Дар ҳамин ҳол, Колин Повел-вазири хориҷаи Амрико аз Парвиз Мушарраф даъват кардааст, ки дар Хатти Назорат хештандорӣ нишон диҳанд. То поёни ҳафтаи ҷорӣ Колин Повел аз минтақа боздид ва бо раҳбарони ҳар ду кишвар дидор ва гуфтугӯ мекунад. Маҳофили байналмилалӣ нигаронанд, ки дар сурати боло гирифтани муноқиша ҷонибҳо мумкин аст даст ба аслиҳаи ҳастаӣ баранд. Вале ҳарду кишвар борҳо эълон кардаанд, ки дар ҳар сурат аслиҳаи ҳастаиро ба кор намебаранд. Аз ҷумла, Парвиз Мушарраф дар гуфтугу бо телвизюни РТР-и Маскав изҳор кард, ки аслиҳаи ҳастаии кишвараш дар дасти одамони боварибахш аст. Вазири дифоъи Ҳиндустон низ барои аз миён бардоштани нигарониҳои маҳофили байналмилалӣ гуфт, ки Ҳиндустон аслиҳаи ҳастаӣ истифода намекунад ва ба кишварҳои дигар низ пешниҳод мекунад, ки чунин корро накунанд.

XS
SM
MD
LG