Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ЮНИСЕФ: 50 миллион кӯдак дар ҷаҳон санади таваллуд надорад



Соҷидаи Мирзо

Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид дар умури Кудакон - ЮНИСЕФ гузориш медиҳад, ки 50 миллион кӯдаки мутавалиди соли 2000ум бидуни асноди сабти ном ба сар мебаранд.

Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид дар умури Кудакон - ЮНИСЕФ гузориш медиҳад, ки 50 миллион кӯдаки мутавалиди соли 2000ум бидуни асноди сабти ном ба сар мебаранд. Ба гуфтаи Оҷонсӣ аксари ин кӯдакон дар оилаҳои бебизоате таваллуд шудаанд, ки ба шаҳодатномаи таваллуд - калиди дари ҳуқуқ ва зиндагии беҳтар аз волидайни кӯдакон, аҳамияти зиёд намедиҳанд. Раҳбари барномаҳои маркази пажуҳишӣ дар Флоренция Марта Сантос Пеирс мегӯяд, бо адами санади таваллуд ин бачаҳо эҳтимолан ба миллионҳо нафари дигар ҳамроҳ мешаванд, ки аз ҳуқуқҳои асосие ҳамчун маориф ва кӯмаки тиббӣ маҳруманд. Ӯ меафзояд, кудаки бе сабти ном туъмаи шабакаҳои одамфурушӣ, истисмор, никоҳи пеш аз вақт ва фоҳишагӣ мешавад. Дар давоми умр бачаҳои бешаҳодатнома ба мушкилоти дарёфти шуғли расмӣ, боз намудани ҳисоби бонкӣ, дарёфти шаҳодатномаи никоҳ ва мавҳумияти овоздиҳӣ дар интихобот рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ва умдатан поймолшавии ҳуқуқи чунин инсонҳо нонамоён боқӣ мемонад. 191 кишвари дунё Эъломияи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони Созмони Милалро, ки соли 1989 қабул шудааст, тасвиб намуда, масъулияти эътирофи ҳар як кӯдаки дорои шаҳодатномаи таваллудро дар душ гирифтаанд. Юнисеф солҳо боз бо ташикили маъракаҳо масъалаи сабти номи умуии кудаконро дар саросари дунё матраҳ мекунад. Моҳи гузашта дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки кудакон аз ҳама давлатҳо даъват шуд, сохтореро бунёд намоянд, ки сабти номи ҳамаи кудаконро кафолат диҳад. Сантоз Пеис меафзояд, ки гузориши ЮНИСЕФ натиҷаи кори оҷонсӣ дар 70 кишвари дуёст. Дар гузориш омадааст, 41 дар сади бачаҳое, ки дар соли 2000ум таваллуд шудаанд, шаҳодатнома надоранд. Гуфта мешавад, ки дар 39 давлати дунё ҳадди ақал 30 дар сади бачаҳои сини то панҷсола дар идораҳои давлатӣ сабти ном нашудаанд. Тибқи баъзе маълумотҳои дигар фисади кудакони сабтнашуда 60 дар садро ташкил медиҳад. Ба ин теъдод Афғонистон, Еритрея ва Конго, ки дар онҳо сохтори сабти ном аслан вуҷуд надорад, шомил нестанд. Дар қисматҳои Марказӣ ва Ҷанубии Африқо шумораи кудакони бе санад 63 дар садро ташкил медиҳад. Аммо Осиёи Ҷанубӣ бо артиши бузурги кудакони бесанад, беш аз 22 миллон, 40 дар сади омори ҷаҳониро дар ин масъала фаро гирифтааст. Вазъ дар Хоҳари Миёна ва Африқо низ ба ҳамин шакл ҷараён дорад. Ба маълумоти Юнисеф сабти номи кудакон дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 1998 коҳиш ёфт. Юнисеф ин камбудиро ба мушкилоти иқтисодӣ марбут мекунад. Бо гузариши равнди бисёрникоҳӣ дар Тоҷикистон теъдоди никоҳҳои сабтношуда меафзояд ва кудакони чунин волидайн низ умдатан дар идораҳои сабти шаҳрвандӣ номнавис намешаванд. Сарвари Юнисеф Карло Белами мегуядрешаи номнавис нашудани кудакон дар кишварҳои дунё аз иқтисодҳои буҳронӣ ва саиёсат об мехурад. Муолиҷаи ин иллатро раҳбари Юнисеф дар коҳиши бебизоатӣ ва дастраси умумӣ ба асосҳои ҳуқуқӣ арзёбӣ мекунад. Юнисеф бо пахши ин гузориш масъалаи қабули қонунро дар бораи сабти озоди кудакони тавалудшуда ба миён мегузорад. Ва ба хотири ояндаи ояндаи сазовор ва ҷилавгирӣ аз хушант талош мекунад, ки ҳеҷ як бачаи таваллудшуда аз раванди сабти ном хориҷ намонад.

XS
SM
MD
LG