Пайвандҳои дастрасӣ

Оё фаъолияти Ҳизбу-ут Таҳрир ба амнияти Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад?



Соҷидаи Мирзо

Бо вуҷуди дарёфти шабнома ва адабиёти Ҳизб-ут-Таҳрир, бо барномаи бунёди Халифати Исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ, ҳеҷ кас наметавонад бо итминон бигӯяд, ки оё теъдоди аъзои ин ташкилоти мазҳабӣ чӣ қадар аст.

Бо вуҷуди дарёфти шабнома ва адабиёти Ҳизб-ут-Таҳрир, бо барномаи бунёди Халифати Исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ, ҳеҷ кас наметавонад бо итминон бигӯяд, ки оё теъдоди аъзои ин ташкилоти мазҳабӣ чӣ қадар аст. Таблиғоти Ҳизб-ут- Таҳрир барои чаҳор кишвари собиқи Шуравии Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки бе ин ҳам аз ҳуҷуми эҳтимолии ҷангиёни исломӣ ташвиши ҷиддӣ доранд, тамоюли хатарнокеро ба бор овардааст. Ҷон Шуберлин сарвари барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҳарвард ҳадафҳои ҲизбуТаҳрирро чунин шарҳ медиҳад:

"Дар қадами аввал метавон гуфт, ин ташкилоти сиёсӣ аст ва баъдан мазҳабӣ, ки барномаи эҳёи Ислом ва бунёди Халифати исломиро дар саросари минтақа пайгирӣ мекунад. Ин созмон аз усули пинҳонии фаъолият кор мегирад ва дар ҳамдастӣ бо мухолифини ҳукуматҳои феълӣ барномаи аз байн бурдани онҳоро тарҳрезӣ мекунад. Ҳизбу Таҳрир яке аз гурӯҳҳои бонуфуз ва шинохтаи исломӣ дар Осиёи Марказӣ аст." Решаҳои Ҳизбу-ут-Таҳрир ва ё Ҳизби Озодӣ соли 1950 дар Ховари Миёна ошкор шуданд ва аъзои нахустини ин ташкилот асосан фаластиниҳои Урдун ва Сурия буданд. Аммо он ба зудӣ тавонист сафҳои худро аз ҳисоби шаҳрвандони Мисру Африқои Шимолӣ афзоиш диҳад. Ин ҷумбиши ортодокс ва ё ростоин бар он бовар аст, ки муқаддасоти ислом ба думболи марги пайғамбар Муҳаммад аз байн рафт ва барнома дорад, ки шакли бунёдии исломро эҳё намояд. Суқути ҳукуматҳои замонавии Осиёи Марказӣ ва барқарор намудани қавонини Шариат дар ҷаҳони исломӣ аз барономаҳои аслии Ҳизбу Таҳрир номбар мешавад. Аммо бо тафовут аз ҷумбиши Ваҳобиҳо ва Толибон, ки исломро ба таври худ таҳриф мекунанд, ин ташкилот ба истифодаи технологияи замонавӣ аз қабили компютер, интернет Си Ди мухолиф нест. Ва умдатан пайғомҳои худро тавассути шабакаи интернет пахш мекунад. Ҷумбиши Ҳизбу-ут Таҳрир солҳои 1990 ба Осиёи Марказӣ роҳ ёфт. Заминаҳои вуруди ин созмони мазҳабӣ ба минтақа ҳанӯз пурра ошкор нест ва фаъолияти он низ тавре занҷирбандӣ шудааст, ки равобитро танҳо дар байни ду нафар ошкор мекунад. Ва ин ду узви ҳизб аз ҳалқаҳои дигари он огаҳӣ надоранд. Аз ин рӯ гуфтан душвор аст, ки таҳририҳо чӣ қадар аъзо доранд. Намояндагони Ҳизбу-ут Таҳрир теъдоди аъзои худро беш аз 100 ҳазор номбар мекунанд, вале иттилоъе мавҷуд аст, ки ин созмон якчанд ҳазор намоянда дорад. Теъдоди мушаххаси аъзои Ҳизбу-ут Таҳрир метавонад мавриди баҳс бошад, аммо таъсири онро наметавон зери шӯбҳа гирифт. Журналист Аҳмад Рашид, муаллифи китоби "Ҷиҳод" ё Хуруҷи шуришгарони исломӣ дар Осиёи Марказӣ менависад, ҳеҷ созмоне ба андозаи ҷумбиши Ҳизбу-ут Таҳрир дар маҳбасҳои Осиёи Марказӣ зиндонӣ надорад. Ин ташкилот берун аз қаламрави Осиёи Марказӣ дар Қафқоз низ доман паҳн мекунад. Моҳи гузашта Додгоҳи Озарбойҷон шаш узви Ҳизбу-ут Таҳрирро ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ кард. Петер Синнот коршиноси донишгоҳи Коламбия дар умури байналмилалӣ мегӯяд, мушаххасоти ҳизб ва ҳароси мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ қабл аз ҳама дар пинҳонкории таҳририҳо нуҳуфтааст.

"Мушаххасоти Ҳизбу Таҳрир дар пинҳонкории он нуҳуфтааст. Мардум набояд фаромуш кунанд, ки пинҳонкорӣ аз бисёр ҷиҳат ягона роҳи ҳифзи ислом дар замони шуравӣ буд."

Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, ки барои саркуб намудани ифротгароёни исломӣ иқдомотеро пиёда сохтаанд, ба пайванди байни Ҳизбу Таҳрир ва Ҷумбиши Исломии Узбакистон таъкид мекунанд. Ҳаракати исломии Узбакистон, ки бо чанд ҳуҷум ба марзи давлатҳои Осиёи Марказӣ зуроварии худро собит кардааст, ҳамчун Ҳизбу Таҳрир барномаи бунёди давлати Исломиро пайгирӣ мекунад. Аммо то ҳол ҳеҷ далеле мавҷуд нест, ки хушунатҷуии Ҳизбу Таҳрирро рушан намояд. Петер Синнот дар ин бора мегуяд:

"Рафтори Ҳизбу Таҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистон дар роҳи расидан ба ҳадаф аз якдигар фарқ дорад. Умумияти онҳо дар бунёди Халифати исломист. Ба назари ман ин пайвандест, ки намунаи онро дар байни Толибон ва Ал Қоида мебинем. Ин ҳамон факторест, ки мардум ба он тамаркуз медиҳанд." Ҳизбу Таҳрир дар самти татбиқи барномаи ташкили Хилофати Исломӣ то ҳол хушунатҷуӣ нишон надодаст. Ва бо ин роҳ аз руйхати сиёҳи Амрико, ки Ҳаракати Исломии Узбакистон ба он ворид мебошад, дар канор мондааст.

XS
SM
MD
LG