Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президент Раҳмонов маҳбасҳоро ба ихтиёри Вазорати адлия гузаронд



Мирзонабии Холиқзод

Гуфта мешавад, ин тасмим ба беҳбуди вазъи маҳбасхонаҳо, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва беҳбуди раванди пажӯҳишҳои ҷиноӣ мусойидат хоҳад кард.

Райиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов эълон кард, ки маҳбасҳои кишвар аз ин баъд на дар ихтиёри Вазорати умури дохилӣ, балки дар ихтиёри Вазорати адлия қарор хоҳанд дошт. Гуфта мешавад, ин тасмим ба беҳбуди вазъи маҳбасхонаҳо, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва беҳбуди раванди пажӯҳишҳои ҷиноӣ мусойидат хоҳад кард. Дар ҷаласаи густардаи рӯзи ҷумъа президент Раҳмонов аз вазъи кори ниҳодҳои интизомии кишвар изҳори норозигӣ кард ва афзойиши ҷинояткорӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддиирро аз тарафи занону духтарон ба ин камфаъолиятӣ пайванд дод. Президент Раҳмонов ҳамчунин аз аҳолӣ даъват намуд, ба муборизаи зидди терроризм камари иттиҳод бандад.

XS
SM
MD
LG