Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин мушкили марзии худро бо Тоҷикистон ҳал кард, аммо барномаи дарозмуддати он номаълум аст



Салими Аюбзод

Сарони Тоҷикистон дар Пекин эълон карданд, ки ин созишнома дар парламенти Тоҷикистон бе ягон мушкил ҳал хоҳад шуд. Танҳо чизе ба назар гирифта нашудааст, таъсири равонии гузашти Тоҷикистон ба фишори Чин аст, ки бо вуҷуди кам будани ҳаҷми замини аз даст мерафта, дар зеҳни мардуме ки тӯли таърих бохтҳои зиёд дошт, андешаи некеро ба вуҷуд намеорад.



Сарони ҳизби коммунисти Чин ва мақомоти амниятии вилояти Шинҷону Уйғур дар нишасти матбуотӣ рӯзи 27уми май гуфтанд, амалиёти зидди ҷудойихоҳони уйғурро дар ин минтақа шиддат хоҳанд дод. Онҳо ҷудойихоҳонро террористоне номиданд, ки ҳоло эътилофи байнулмилал ҳадаф қарор додааст. Дар айни замон мақомоти Чин ва ё Хитой аз Иёлоти Муттаҳида талаб карданд, 300 уйғуреро, ки дар Афғонистон ба асорати нирӯҳои амрикоӣ афтодаанд, ба дасти ҳукумати Чин супорад. Мақомоти Пекин мегӯянд, ин сесад нафар дар як саф бо Ал Қойида ва толибҳо дар аъмоли ваҳшатафканӣ масъуланд. Изҳороти Чин дар ҳоле садо медиҳад, ки Русия бо Иёлоти Муттаҳида ва НАТО вориди муносибатҳои зоҳиран нав мегардад ва гуфтугӯҳои ҳамбастагии кишварҳои Шанҳай бар зидди якқутбагии ҷаҳон аҳамияти худро аз даст медиҳанд. Созмони Шангҳай дар аввал ниҳоде буд, барои ҳалли мушкилҳои марзӣ, аммо ба зудӣ дойираи масъалаҳои он густариш ёфт. Вале бо вуҷуди ширкати чунин қудратҳое монанди Русия ва Чин ин ниҳод натавонист омили ҳифзи амният дар минтақа гардад. Баъди омадани нирӯҳоио Амрико ва ҳампаймонҳои он ба Осиёи Марказӣ аҳамияти созмони Шангҳай ҷиддан коҳиш ёфт. Чин баъди фурӯпошии шӯравӣ худро ба сифати ҳамкори иқтисодии Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуд. Аммо азбаски ҳамеша бо гӯшаи чашм ба Русия нигариста, амал мекард, ба ҷуз аз паҳн кардани молҳои камсифати худ дар бозорҳои сарироҳии Осиёи Марказӣ, ба чизе нойил нагашт. Аз густариши ошкорои нуфузи сиёсӣ ва ҳарбӣ ба минтақа Пекин ҳарос дорад, вале ин мавзӯъро аз барномаи амали худ хат назадааст. Ба сурати куллӣ Чин гӯё ҳамеша интизори муносибтарин фурсат аст, то барномаи худро пеш барад ва чунин фурсат кам ба он даст медиҳад. Ҳоло дар сурате ки Иёлоти Муттаҳида бештар бо бӯҳрони Ҳинду Покистон саргарм аст ва Русия ба Иттиҳоди Аврупо роҳ меҷӯяд, Чин ҷанги худро бо уйғурҳо муборизаи зидди террор меномад ва ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмаки ҳарбӣ пешниҳод мекунад. Пекин изҳори омодагӣ кард, ба Қазоқистон дар ҳаҷми се ва ба Қирғизистон дар ҳаҷми як миллиону дусад ҳазор доллар ёрии ҳарбию фаннӣ расонад. Ин ду кишвар мушкили марзии худро бо Чин ҳал карданд. Барои Қазоқистони серзамин ин ҳал гарон набуд, аммо дар Қирғизистон сабаби намойишҳои эътирозӣ ва истеъфои ҳукумат гардид. Тоҷикистон низ ба Чин гузашт кард ва ҳазор километри мураббаъро ба он дод. Дар ивази ин гузашт, Душанбе умедвор аст, равобити иқтисодию тиҷоратии худро бо Чин густариш диҳад. Гуфтушунидҳои атрофи ин мавзӯъ ва тасмимгирии гузашт, дар пасидарҳои баста сурат гирифтаанд ва аҳолии Тоҷикистон аз мӯҳтавойи додуситадҳо огаҳӣ надорад. Амалдорони Тоҷикистон мегӯянд, онҳо аз фишори Чин бо камтарин гузашт наҷот ёфтанд ва дар ҳоле ки Пекин 28 ҳазор километрро талаб мекард, ба он ҳамагӣ ҳазор километр замин доданд. Сарони Тоҷикистон дар Пекин эълон карданд, ки ин созишнома дар парламенти Тоҷикистон бе ягон мушкил ҳал хоҳад шуд. Танҳо чизе ба назар гирифта нашудааст, таъсири равонии гузашти Тоҷикистон ба фишори Чин аст, ки бо вуҷуди кам будани ҳаҷми замини аз даст мерафта, дар зеҳни мардуме ки тӯли таърих бохтҳои зиёд дошт, андешаи некеро ба вуҷуд намеорад. Бисёр давлатҳо дар ин маврид на пинҳонкорӣ, балки ошкорогӯйӣ мекунанд, то аз каҷфаҳмиҳо ҷилавгирӣ намоянд. Ва аммо Чин. Барои Пекин дар мавриди ҳар се кишвари Осиёи Марказӣ ҳалли мушкили марзӣ пирӯзие ба шумор меравад, ки роҳи онро ба нуфузгустарии бештар боз мекунад. Ончи барои давлатҳои ҷавони Осиёи Марказӣ таҳдидомез дониста мешавад, ин аст, ки мавқеъҳои Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар мусобиқаи нуфуз дар минтақа барояшон рӯшан мебошад, вале мавқеъи Чин торик ва номаълум аст ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз ёд нагирифтаанд, ки аз гуногунии мавқеъи ин қудратҳо истифода кунанд. Ба манфиати худ ва мардумони худ.

XS
SM
MD
LG