Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Усома бен Лоден ва Мулломуҳаммад Умар то ҳол зиндаанд?



Нурмуҳаммад Холзода



Ду мақоми баландпоя ва собиқи Толибон гуфтаанд, ки гурӯҳҳои Ал-Қоъида ба таври махфӣ дар Покистон дубора муташаккил мешаванд. Дар як гуфтугӯ бо хабаргузории Ассошиейтед Пресс онҳо изҳор кардаанд, ки имкони ҷилавгирӣ аз рафту омади аъзои Ал-Қоъида аз манотиқи кӯҳистонии марзи миёни Афғонистону Покистон ғайримумкин аст. Гузашта аз ин, маълумоти муфиде, ки аз онҳо ба даст омадааст, ин аст, ки дар суфуфи хадамоти қаввии хашфи Покистон тафриқа ба вуҷуд омадааст. Ба гуфтаи онҳо, кормандони хадамоти кашфи Покистон ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Гурӯҳи аввал ононе, ки аз ақидаву афкори Толибон ҷонибдорӣ мекунанд ва гурӯҳи дигар ононе, ки дар мубориза алайҳи терроризм ҷонибдори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошанд. Фазл-ур-Рабӣ Саидраҳмон яке аз ин ду мақоми баландпоя дар замони ҳукмравоии Толибон фармондеҳи нирӯҳои Толибон дар ҷабҳаи шарқии Афғонистон буд. Вай ҳамчунин дар муддати шаш моҳи ҳукумати Толибон раиси пулиси вилояти Пактико буд. Гуфта мешавад, ин минтақа то ҳол паноҳгоҳи афроди фирории Толибон ва Ал-Қоъида дар мубориза алайҳи нируҳои эътилофи зидди террор боқӣ мондааст. Мақоми дигарӣ бо номи Убайдуллоҳ ёвари Қорӣ Аҳмадуллоҳ-раиси хадамоти кашфи ҳукумати Толибон буд. Худи Қорӣ Аҳмадуллоҳ дар ҷараёни бомбборонҳои нирӯҳои эътилофи зиддитеррор дар моҳи январ дар манотиқи шарқии Афғонистон кушта шуд. Ин ду нафар, ки тавассути тарҷумон сӯҳбат мекарданд, гуфтаанд, ки Мулло Умар-раҳбари Толибон ва Усома Бен Лоден зиндаанд. Вале бештар аз ин маълумоти мушаххас дар бораи онҳо надодаанд. Онҳо гуфтаанд, ки дар ҳамин ду моҳи ахир бо Мулло Муҳаммад Умар дар як минтақаи кӯҳистонии Афғонистон мулоқот кардаанд. Вале ин ду нафар нагуфтаанд, ки Усома Бен Лоденро дидаанд ва вай чӣ гуна зинда мондааст. Убайдуллоҳ гуфтааст, ки Бен Лоден ба як ҳамлаи ногаҳонии густарда омодагӣ мегирад ва баъд аз ин ҳамла худро нишон медиҳад. Фазл-ур-Рабӣ ва Убайдуллоҳ ҳар ду ҳушдор додаанд, ки бар зидди Амрико ва Бритонё як амалиёти террористӣ омода мешавад, вале дар бораи ҷузъиёти он чизе нагуфтаанд. Дар як мулоқоти қаблӣ бо Ассошиейтед Пресс Убайдуллоҳ дар бораи ҳамин гуна амалиёти террористӣ ҳушдор дода буд. Акнун вай гуфтааст, ки он вақт ҳамон ҳамлаи террористиро дар назар дошт, ки 8-уми май дар шаҳри Карочии Покистон ба як автобуси мусофирбарӣ сурат гирифт ва дар ин ҳамла 14-нафар, ба шумули 11-нафар фаронсавӣ кушта шуд. Ба гуфтаи Убайдуллоҳ, ин ҳамларо афроди Ал-Қоъида ва мухолифони Парвиз Мушарраф, ки аз Амрико дифоъ мекунад, анҷом додаанд. Саидраҳмон ба Ассошиейтед Пресс гуфтааст, ки дар Покистон баъзе гурӯҳҳо бар зидди эътилофи зидди террор муштаракан фаъолият мукунанд. Вай дар ин маврид аз гурӯҳҳои мазҳабии "Ҳаракат-ул-Ҷиҳод", "Ҳаракат-ул-Муҷоҳидин" ва Ал-Қоъида ном бурдааст, ки дар Покистон гурӯҳҳои тундрав шинохта шудаанд ва давлати Парвиз Мушарраф фаъолияти онҳоро мамнуъ эълон кардааст. Ассошиейтед Пресс навиштааст, ки дар рӯзҳои ахир сару садоҳо дар бораи ҳамлаҳои интиҳорӣ ба Амрико доман паҳн кардааст. Саидраҳмон ин ҳушдорҳоро таъйид кардааст, вале нагуфтааст, ки ин ҳамлаҳо кай анҷом мегирад, бо вуҷуди ин ки ба Амико ва Британия ишора кардааст. Ҳафтаи гузашта Бритонё ба кормандони сафорати худ дар Покистон дастур дод, ки ин кишварро тарк кунанд. Кормандони сафорат дар 48 соъат Покистонро тарк карданд. Ду мақоми Толибон гуфтаанд, ки Мулло Муҳаммад Умар номи ҷунбиши Толибонро тағйир ва ба ин ҷунбиш номи Имороти Исломии Афғонистонро додааст, яъне номи ҳамон давлате, ки Толибон дар Афғонистон доштанд. Ба гуфтаи Саидраҳмон, Мулломуҳаммад Умар фармоне содир карда ва Мулло Усмонӣ-фармондеҳи собиқи ҷабҳаи Қандаҳорро ҷонишини худ таъйин кардааст ва гуфтааст, ки дар сурати кушта шуданаш бояд Мулло Усмонӣ раҳбарии ин ҷунбишро бар ӯҳда бигирад.

XS
SM
MD
LG