Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон дар остонаи Лоя Ҷирга



Соҷидаи Мирзо



Мақомоти Афғонистон ва дипломатҳои Ғарбӣ дар интихоботи ҳукумати оянда ва ё ҳукумати даври гузариши Афғонистон пирӯзии осони Ҳамид Карзайро пешгӯӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо раиси идораи муваққати Афғонистон ду садди муҳимро, ки метавонис ҳаракати ӯро ба сӯи курсии раёсат мушкил намоянд, аз байн бардошт. Ӯ акнун ҳам аз пуштибонии қавии шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ бархӯрдор аст, ҳам дили якчанд ҷангсолори қуратманди Иттиҳоди Шимолро ба даст овардааст. Шоҳи собиқ, ки баъди ғурбати сисола ба ватан баргаштааст, ба ваъдаи қаблии худ вафо намуд ва аз эҳёи низоми шоҳигарӣ дар Афғонистон даст кашид. Зоҳиршоҳ аз пуштибонии паштунҳо бархурдор аст, аз пуштибонии қавме, ки Карзай низ ба он марбут аст. Иттиҳоди Шимол, иборат аз тоҷикҳо, душманони шадиди шоҳи собиқ номбар мешаванд, аммо ҳузури ӯро таҳаммул мекунанд. Ба гуфтаи дипломатҳои Ғарбӣ назари муштарке вуҷуд дорад, ки шоҳ ҳамчун падари миллат нақши рамзӣ дошта бошад, аммо на мақоми раҳбарӣ. Ҳамин шабу рӯз дар Афғонистон интихоби намояндагон барои нишасти нахустини Лоя Ҷирга, ё Шӯрои Олии Афғонистон, ки сарнавишти ҳукумати даври гузаришро муайян мекунад, идома дорад. Таҳкими обруи Карзай инъикоси нуфузи беандозаи Иёлоти Муттаҳида аст, ки аз ӯ пуштибонӣ мекунад. Аз ҷангсолорон гирифта то вазирони ҳукумати муваққати Афғонистон ҳамагӣ кӯмакҳои молӣ ва нуфузи низомии Амрикоро ҳамчун манбаъи аслии нирумандӣ дар Афғонистон арзёбӣ мекунанд. Дар масъалаи интихоби Карзай ба сарварии ин кишвари заъифи ҷангзада ва кушишҳои ӯ барои густариши нуфуз дар хориҷ аз Кобул шубҳае вуҷуд надорад. Аммо мушкилоте вуҷуд доранд, ки дар ҳалли онҳо ҳанӯз қарори муштарак ба даст наомадааст. Масъалаи ноустувор ва ҳассос ин аст, ки оё нуфузи вазирони тоҷик дар ҳукумати оянда то кадом андоза коҳиш хоҳад ёфт. Се вазири тоҷиктабор, марбути Иттиҳоди Шимол, генарал Муҳаммад Қосим Фаҳим, Юсун Қонунӣ ва Доктор Абдулло, се вазорати нируманди Афғонистон, Вазорати дифоъ, дохилӣ ва хориҷиро дар даст доранд. Ҳузури ин се нафар қавмҳои паштунро дар ҷануб ва шарқи Афғонистон, ҳамчунин сарварони қабоилро дар шимолу ғарб бо шумули узбаку ҳазораҳо шадидан нороҳат мекунад. Ба гуфтаи як дипломати Ғарбӣ агар Панҷшериҳо боз ҳам нирумандтар ва паштунҳо аз ин ҳам заъифтар гарданд, дастрасӣ ба эътидол мушкил хоҳад шуд. Дипломатҳои Ғарбӣ ва сарварони бонуфузи Афғонистон, қабл аз баргузории Лоя Ҷирга, бо барномаи муаян намудани тарҳи ҳукумати оянда силсилаи мулоқотҳоро дар Кобул анҷом доданд. Нишасти нахустини Шурои Олии Афғонистон ба 10 то 16 уми июн барномарезӣ шудааст. Шаби ҷумъа Ҳомид Карзай бо як гурӯҳ вазирони қудратии ҳукумат ва мушовирони давлатӣ нишасти навабатиро доир намуд. Дар ин маҷлис се вазири тоҷиктабори ҳукумат, Ашраф Ғанӣ мушовири бонуфузи Карзай ва собиқ сарварони Бонки Ҷаҳонӣ низ ширкат доштанд. Аммо ба гуфтаи Доктор Абдулло дар ин нишаст масъалаи тақсими мансабҳо дар миён набуд. Абдулло дар робита ба ояндаи сиёсии худ баён дошт, агар рафтани ӯ аз ҳукумат ба кишвараш кумак кунад, розӣ аст аз вазифа даст кашад. Намояндагони қабоили паштун дар ҷануб ва шарғи кишвар интизоранд, ки Лоя Ҷирга адами тавозуни қабливиро дар ҳукумати оянда ислоҳ хоҳад кард. Ҳатто фармондеҳони собиқи Иттиҳоди Шимол, амсоли Генарал Дустум ва Исмоилхон, ки худро дар музокироти ташкили идораи муваққат маҳдудшуда эълон намуданд, баргузории Лоя Ҷиргаро ҳамчун роҳи бозгашти нуфузи худ арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG