Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарону ҷавонони тоҷик бо истеъмоли ҳеройин одат мекунанд



Салими Аюбзод

Ниҳодҳои байнулмилал ҳушдор медиҳанд, ки баъди гузаштан аз бадбахтиҳои зиёд, Тоҷикистон бо сахттарин дард -- гирифторӣ ба маводи мухаддир рӯбарӯ гашта, хазинаи ирсӣ ва ё генофонди миллии худро аз даст медиҳад.



Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ, марказаш дар Лондон, дар гузориши нави худ ҳушдор додааст, ки Тоҷикистон ба бӯҳрони нав, бӯҳрони нашъамандии аҳолӣ рӯбарӯ мешавад. Ба навиштаи ин манбаъ, ҳоло қариб шашуним ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гирифтори нашъамандӣ буда, 5 ҳазор нафари онҳо мӯътод ба ҳеройин мебошанд, ба хатарноктарин маводи мухаддир. Аммо хабарнигори душанбегӣ Сайида Назарова мегӯяд, ин ададҳо расмиянд ва ба гуфтаи мутахассисон шумораи аслии беморон ҳашт то даҳ баробар бештар аст. Нойиби райиси Бунгоҳи мубориза бо маводи мухаддир Абдураҳим Каримов дар бораи хатари ин бӯҳрон дар яке аз нишастҳо чунин гуфтааст, ки оқибатҳои мӯътодӣ ба маводи мухаддир аз оқибатҳои ҷанги Тоҷикистон ба маротиб даҳшатноктар хоҳанд буд. Тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистони ҳамсоя, ки дар солҳои охири ҳокимияти толибҳо ба авҷи худ расида буд, бо тағйири ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар коҳиши ҷиддӣ надид. Ҷонишини фармондеҳи нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон генерал-майор Рамазон Ҷаъфаров мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 5 ҳазор тонна маводи нашъаовар, ки ними онро ҳеройин ташкил медиҳад, дар манотиқи марзии Афғонистон анбор шуда, кӯшишҳои интиқоли ин мавод ба Тоҷикистон идома доранд. Чанд сол пеш даст задани мардуми тоҷикро ба қочоқи ин маводи кушанда "сафед" карданӣ шуда, вазъи бади зиндагии аҳолиро баҳона меоварданд. Ҳатто меъёрҳои ахлоқи миллӣ ва исломӣ натавонистаанд садди роҳи чунин ҷинояткорӣ шаванд. Дар ҳар деҳа, ҳар узви ҷомеъа қочоқбаронро ном ба ном медонад ва худи онҳо низ чандон пинҳон шуданӣ нестанд. Онҳо хонаҳои боҳашамати чандошёнаи мармарӣ месозанд ва бо мошинҳои қиматбаҳо чанги кӯчаҳои вайронаи русторо ба ҳаво мехезонанд. Чӣ тавр мешавад гуфт, ки онҳо аз ноилоҷӣ ба ин ҷиноят рӯ овардаанд. Гузашта аз ин онҳо фарзандони мардумро ба бемории нашъамандӣ гирифтор мекунанд, то мавриди сӯйистифодаи худ қарор диҳанд. Фарида, духтари тоҷик аз Душанбе, ба муаллифи гузориши Пажӯҳишгоҳи Ҷангу Сулҳи Лондон гуфтааст, ӯро бо фиреб ҳеройин доданд ва ба сифати фоҳиша истифода бурданд. Танҳо баъди мулоқоти тасодуфӣ бо шахсе ки баъдан ҳамсари ӯ шуд, Фарида аз ин ваҳшат раҳоӣ ёфт. Ҷавонпаҳлавон Сиёвуш мегӯяд, баъди аввалин дозаи бепул вай аз варзиш даст кашид ва ба ҷустуҷӯйи онҳое афтод, ки соҳиби ин мавод буданд. Бо нархи арзон дозаи дуюмро гирифт. Дар ивази дозаи сеюм аз ӯ талаб карданд, ки чун ҷавонони деҳа ба ҳарфаш гӯш медиҳанд, се нафари дигарро назди онҳо биёрад. Ба ин тарз ҷавони таҳамтан ба чӯби хушке табдил ёфт, ки пой дар лаби гӯр буд. Як пизишки ҷавон 15 рӯз ӯро дар хонае маҳкам карда, табобат намуд ва ба ҳаёти дубора бозгардонд. Журналисти тоҷик Сайида Назарова менависад, Тоҷикистон то рафт аз кишвари транзитӣ ва ё гузаргоҳи маводи мухаддир ба истеъмолкунандаи ин мавод мубаддал мешавад. Соли гузашта шумораи беморони Маркази табобати нашъамандон ба якуним ҳазор нафар расид. Аксари онҳо мӯътод ба ҳеройин, аз 18 то 25сола ва 75 дарсадашон занону духтаронанд. Аммо ҳазорон нафари дигар монанди Фарида ва Сиёвуш ё интизори тасодуфҳоянд ва ё аз дунё дармегузаранд. Танҳо роҳи наҷоти онҳо ва куллан хазинаи ирсии миллӣ комилан бастани роҳҳои қочоқи мавод аз Афғонистон аст, ки бо вуҷуди ваъдаҳои зиёди байнулмилал дар ҳоли ҳозир асосан мустақилона амалӣ мегардад. Вале умедворие низ садо медиҳад, ки ду рӯйдоди ахир: гуфтушуниди марзбонҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ва сафари ҳайъати вижаи Созмони Милали Муттаҳид ба манотиқи марзии кишвар шояд ба манзараи ғамангез нуре ворид кунанд.

XS
SM
MD
LG