Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ мӯҳлати ҳузури нирӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистонро барои 6 моҳи дигар тамдид намуд



Нурмуҳаммади Холзода

Агар ташкили Луя Ҷиргаро дар моҳи ояндаро дар назар бигирем, мешавад гуфт, ки ҷараёноти сиёсии Афғонистон вориди марҳалаи муҳими таърихӣ мешавад.

Агар ташкили Луя Ҷиргаро дар моҳи ояндаро дар назар бигирем, мешавад гуфт, ки ҷараёноти сиёсии Афғонистон вориди марҳалаи муҳими таърихӣ мешавад. Дар чунин марҳала Шӯрои Амнияти СММ бидуни ҳеҷ шарту шароит эътибори нирӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар манотиқи атрофи Кобулро барои шаш моҳи дигар тамдид кард. Бар асоси тафофуқоти қаблӣ муҳлати эътибори ин нирӯҳо 20 июни соли ҷорӣ ба поён мерасад. Рӯзи панҷшанбе ҳангоми тамдиди эътибори ин нирӯҳо баъзе дипломатҳо дархост карданд, ки ин нирӯҳо дигар Нирӯҳои байналмилалии посдори сулҳ номида нашавад, зеро он на аз нирӯҳои посори сулҳи СММ, балки аз нируҳои 20 кишвари узви паймони НАТО ташкил шудааст. Моҳи оянда фармондеҳии ин нирӯҳо аз Британия ба Туркия мегузарад ва Туркия шаш моҳ ин масъулиятро бар душ хоҳад дошт. Меҳмет Памир-намояндаи Туркия дар СММ дар ҷаласаи Шӯрои Амният изҳор кард, ки кишвари вай таъаҳуд супурдааст, барои барқарории сулҳ дар Афғонистон ба ин кишвар кӯмак кунад:

"Туркия, ҳамеша бо ин кишвар ва бо мардуми он равобити хуби анъанавӣ дошт ва ҳоло аз ин имкон хушҳол аст, ки дар идомаи бозсозии ин кишвар саҳм мегирад".

Баъд аз раъйи Шурои Амният дар ин бора, ки дар Афғонистон шумораи маҳдуди нируҳо боқӣ бимонанд, Каеран Прендегаст-муовини Дабири Кулли СММ пешниҳод кард, ки шумораи ин нируҳо афзоиш ёбад ва Шурои Амният онро ба тасвиб расонад. Прендегаст аз вазъи шаҳри Мазори Шариф изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки дар ин минтақа ҷангсолорон барои ба даст даровардани назорат бар ин шаҳр мубориза мекунанд. Ба гуфтаи вай, ҷангсолорон дар Шарқ ва дар Ҷануби Афғонистон низ даст ба амалиёт задаанд. Прендегаст афзуд, вазъи шиканандаи амниятӣ метавонад раванди интихоботи Луя Ҷирга бар асоси намояндагии қавму миллиятҳои мухталифро ба ҳам занад:

"Бидуни пешрафтҳои воқеъии амниятӣ дар Кобул ва атрофи он мо наметавонем мунтазири идомаи раванди бозсозии воқеъӣ дар Афғонистон бошем".

Дар ҷаласаи Шурои Амнияти СММ ҳудуди 15 кишвари узв ба истиқрори нируҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Кобул ва ё атрофи он алоқаи чандон нишон надоданд. Онҳо бештар дар бораи бозсозии артиш, пулиси миллӣ ва низоми додгоҳии Афғонистон изҳори назар карданд. Низомиёни Амрико ва Бритонё қавл доданд, ки тамрини артиши тозабунёди Афғонистонро бар уҳда мегиранд. Нахустин гуруҳи шашсаднафарии атиши Афғонистон моҳи оянда дар рузҳои баргузории Луя Ҷирга ба фаъолият оғоз мекунад. Фаронса низ эълон кард, ки тамрини ду баталон, яъне ду гурдони афғониро аз ҳафтаи оянда оғоз мекунад. Олмон муваззаф шуд, ки дар бозсозӣ ва ташкили пулис саҳм мегирад. Итолё бозсозӣ дар низоми додгоҳиро бар уҳда гирифт. Аммо Амрико ва Ҷопон изҳор карданд, ки иҷрои барномаҳои марбут ба тархиси садҳо ҳазор ҷанговари собиқро бар уҳда хоҳанд гирифт. Дар ҷаласаи Шурои Амнияти СММ хотирнишон шуд, ки дар Афғонистон ба ҷуз аз нигарониҳои амниятӣ душвории дигар вуҷуд надорад ва ҳоло мардум дар интихоботи Луя Ҷирга ширкати хеле фаъол доранд.

XS
SM
MD
LG