Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Амрико силоҳи ҳаставии худро коҳиш медиҳанд



Соҷидаи Мирзо



Раисони ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ва Русия Ҷорҷ Буш ва Владимир Путин бо имзои аҳдномаи коҳиши аз се ду ҳисаи силоҳи ҳаставӣ ва таъкиди аҳамияти таърихии он, саҳифаи наверо дар муносибати ду кишвар боз намуданд. Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш гуфт:

" Президент Путин ва ман аҳдномаеро имзо намудем, ки теъдоди силоҳҳои стартегии ҳаставии моро ба таври назаррас аз 2 ҳазору 200 то 1700, сатҳи пасттарин дар даҳсолаҳо, коҳиш медиҳад. Ин аҳднома мероси Ҷанги Сард - душмании ҳаставиро дар байни ду кишвар аз байн мебарад."

Президенти Русия Владимир Путин, ки ҳамтои амрикоии худро бо каломи англисӣ ва суханони самимонаи "хуш омадӣ ба Маскав дӯсти азиз" истиқбол намуд баъди имзои аҳднома назари худро чунин баён кард:

"Аҳдномаи мазкур тасдиқест, ки давлатҳои мо роҳи коҳиши силоҳи ҳаставӣ ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи қатли омро интихоб намуданд. Ин қарори ду кишварест, ки дар баробари масоили амниятӣ ва эътидоли стратегӣ масъулият эҳсос мекунанд."

Имзои Аҳдномаи Маскав мавзуъи калидии сафари чаҳоррузаи Буш ба Русия аст, ки рақибони давраи Чанги Сардро ба коҳиши силоҳи ҳаставӣ то соли 2012, ӯҳдадор мекунад. Ду кишвари бархурдор аз ин нирӯи бузург то ҳол ҳар кадом наздики 6 ҳазор кулоҳаки ҳаставӣ доранд. Ба гуфтаи коршиносон аҳдномаи мазкур, нахустин созиши назаррас аз соли 1993 ба ин тараф, тамоюли сиёсати хориҷии Русияро ба самти Ғарб таъмин хоҳад кард. Раисони ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ва Русия бо имзои як эъломия кишварҳои худро шарики якдигар эълон намуданд. Дар санад омадааст, марҳилае, ки Русия ва Амрико якдигарро душман ва хатар арзёбӣ мекарданд, ба поён расид. Ҳар ду кишвар дар роҳи таҳкими эътидол, амният, ҳамоиши иқтисодӣ, посух ба таҳдидҳои байналмилалӣ ва хомӯш намудани оташи ҷанг дар низоъҳои минтақавӣ якҷо бояд талош намоянд. Раисони ҷумҳур ҳамчунин бо тасвиби эъломия масъалаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, музокироти энержӣ миёни Русия ва Амрико, муборизаи зидди терроризм ва тамоси шаҳрвандони ҳар ду давлатро матраҳ намуданд. Президенти Амрико дар робита ба терроризм гуфт, мавқеъи Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар баробари ин масъала мушаххас аст. Ӯ ба ҳамтои худ Владимир Путин барои дарки аҳамияти мубориза бо даҳшатафканӣ изҳори сипос намуд. Ба гуфтаи Буш, Иёлоти Муттаҳида ва Русия дастрасии террористҳоро ба силоҳи қатли ом хатари бузургтарин эътироф мекунанд ва дар роҳи ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳаставӣ кушишҳои муштаракро ба харҷ медиҳанд. Гуфтаҳои президенти Амрико бештар ба Русия дахл дошт, ки ҳамкориҳои ҳаставиро бо Теҳрон идома медиҳад. Президент Буш дар оғози сафари якҳафаина ба Аврупо, ки аз Олмон шуруъ шуд, кумаки Русияро дар бунёди ниругоҳи ҳаставии Бушаҳри Эрон паҳнсозии силоҳи ҳаставӣ арзёбӣ намуд. Буш афзуд, Русия аз ҳамкорӣ дар ин самт бояд беташвиш набошад. Ба гуфтаи ӯ агар Теҳрон ба силоҳи ҳаставӣ даст ёбад, барои ҳама бо шумули Русия мушкилот эъҷод хоҳад кард. Пешниҳодҳое мавҷуданд, ки эҳтимолан Иёлоти Муттаҳида барои лағви барномаи ҳамкориҳои ҳаставии Теҳрону Маскав кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро ба коҳиши қарзҳои собиқ Шӯравии собиқ водор месозад. Русия дар масъалаи ҳуҷуми эҳтимолӣ ба Ироқ, шарики иқтисодии худ низ ҳассосият нишон медиҳад. Игор Иванов, вазири хориҷии Русия гуфт, Маскав ба ҳама гуна амалиёти низомӣ алайҳи Саддом Ҳусейн мухолиф аст ва барои ҷилавгирӣ аз шуруъи чунин ҳаракат талош хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG