Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи коршиносони СММ мегӯяд, ки эҳтимолан шабакаи террористии Ал-Қоида сармояи худро аз тариқи интернет интиқол медиҳад



Хоҷа Мирзода

Гурӯҳи коршиносони СММ мегӯяд, ки эҳтимолан шабакаи террористии Ал-Қоида сармояи худро аз тариқи интернет интиқол медиҳад.

Гурӯҳи коршиносони СММ мегӯяд, ки эҳтимолан шабакаи террористии Ал-Қоида сармояи худро аз тариқи интернет интиқол медиҳад, то аз кашфи он ҷилагирӣ ба амал ояд. Дар як гузорише, ки гурӯҳи коршиносони СММ рӯзи чоршанбе нашр намуд, зикр гардидааст, ки шояд шабакаи Ал-Қоида интернетро на фақат бо ҳадафи иҷрои муомилоти молӣ, балки ҳамзамон барои мухобирот, судури фармонҳо ва ғайра истифода барад. Муаллифони гузориши СММ таъкид мекунанд, ки онҳо роҳҳои хатми ба истилоҳ сӯиистифода аз интернетро баҳс доранд. Тафсилоти бештар дастрас нест. Гурӯҳи ёдшуда, ки вазифаи он назорати таҳрими Ҷумбиши Толибони афғон ва муттафиқи онҳо: танзими Ал-Қоида аст, дар ибтидои соли равон аз тарафи Шӯрои Амнияти СММ поягузорӣ шуд. Гурӯҳ бо Кумитаи зидди терроризми Шӯрои Амният, ки бо мандати СММ назорати қатъи роҳҳои таъминоти террористонро бар ӯҳда дорад ҳамкорӣ мекунад. Дар гузориши гурӯҳи коршиносони СММ омадааст, ки бар иловаи интернет Ал-Қоида аз дигар василаҳо низ барои интиқоли сармоя кор мегирад. Дар ин бора сухангӯи СММ Фред Экҳард мегӯяд: "Гузориш возеҳ месозад, ки Ал-Қоида ва муттафиқони он эҳтимолан равуои мухталиф доранд ва амнияти сармояи онҳо таъмин аст. Гурӯҳ аз давлатҳо дархост менамояд, ки ба Эъломияи Байналмилалии таъқиби сарчашмаҳои молии терроризм ҳамроҳ шаванд."

Гурӯҳи коршиносони СММ гузоришҳоро дар бораи он, ки бахше аз сармояи Ал-Қоида ба тилло, алмос ва сангҳои гаронбаҳо мубодила шудааст, таҳқиқ намуда, аз кишварҳои олам даъват мекунад, ки ба ҷараёни Кимберлӣ, яъне сабти номи ҳар алмоси қонунан истихроҷ гардида бипайванданд. Моҳи гузашта Эъломияи Таъқиби Сарчашмаҳои молии терроризм, ки дар паи ҳамлаҳои 11 сентябр аз ҷониби Шӯрои Амнияти ба тасвиб расида буд, ба ҳукми қонун даромад. Ба навиштаи муаллифони гузориш то ҳол 144 кишвар дар ин Эъломия имзои худро гузошта, беш аз 100 миллион доллари гурӯҳҳои террористиро аз ҳаракат боз доштанд. Тахмин мешавад, ки нисфи ин маблағҳо ба Усома Бин Лодин иртибот дорад. Дар гузориши СММ таъкид мешавад, ки кишварҳои ҳамсояи Афғонистон назорати рафтуомадро шадидтар карданд, то садди вуруди Толибон ва аъзои Ал-Қоида ба ин кишварҳо шаванд. Масалан, тибқи гузориши СММ Қазоқистон соли 442 афғон ва 40 покистониро аз ин кишвар ихроҷ намуд. Моҳи ноябри гузашта мақомоти қазоқ панҷ афғонро бо паспортҳои ҷаъалии Фаронса ва Испания ба ҳабс гирифтанд, ки эҳтимол ду нафари онҳо бо Толибон робита доранд. Албатта дар гузориши СММ гуфта намешавад, ки ин иқдомҳои мақомоти Қазоқистон рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳам аз қаламрави ин кишвар ниҳоят душвор карда буданд. Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи олмонии Франкфуртер Алгемайне Цайтунг аз нақли Интерпол: полиси Байналмилалӣ ва Полиси Олмон хабар медиҳанд, ки ҷангҷӯёни Ал-Қоида ва Толибон бо роҳҳои қочоқ ба мамолики Аврупо муҳоҷират намуданд. Рӯзномаи Олмонӣ навиштааст, ки камаш сӣ узви фаъоли Ал-Қоида ва Толибон феълан дар Булғористон, Словакия, Ҷумҳурии Чех, ва Австрия интиқол ёфтаанд. Онҳо озими Британия буда, шояд дар он ҷо амалеро тарҳрезӣ ҳам карда бошанд. Сухангӯи Полиси Олмон аз шарҳи ин гузориш худдорӣ намуд, вале таъкид кард, ки полис барои муқовимат ба ҳар гуна ҳамла болои ҳадафҳои амрикоӣ, яҳудӣ ва исроилӣ дар ҳолати омодабош қарор дорад.

XS
SM
MD
LG