Пайвандҳои дастрасӣ

Э. Раҳмонов: "Дар ҳоле ки ҷаҳон дастҷамъона бо терроризм мубориза мебарад, Тоҷикистон набояд худро дар муқобили тамоми ҷаҳон қарор диҳад"



Мирзои Салимпур



Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мусоҳибааш ба нашрияи Независимая газетаи чопи Маскав гуфтааст, Тоҷикистон манофеъи Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ қоил мебошад ва дар тамоми соҳот барои раҳандозии муносиботи ҳасана бо Амрико талош хоҳад кард. Раҳмонов нақши муҳими ҳузури низомии ин абарқудрати ҷаҳонӣ дар мавриди саркӯб кардани терроризми байналмилилалӣ дар ин минтақаро сипос гузоштааст. Ба ақидаи ӯ, дар ҳоле ки ҷаҳон дастҷамъона бо терроризм мубориза мебарад, Тоҷикистон набояд худро дар муқобили тамоми ҷаҳон қарор диҳад. Хусусан дар ҳоле, ки терроризми байнулмилал аз Афғонистон пеш аз ҳама ба моварои Омӯ таҳдид мекард. Мо, гуфт Эмомалӣ Раҳмонов, тӯли чандин сол ҷомиаи ҷаҳониро ба ҳаллӣ масъалаи Афғонистон даъват мекардем ва акнун ки чунин фурсат фаро расидааст, набояд дар канор бошем. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин мусоҳиба мегӯяд, агар кишварҳои дигар бо оғози муборизаи ҷаҳонии зиддитеррор аксаран сиёсати худро дар баробари Афғонистон тағйир дода бошанд, Тоҷикистон ба чунин тағйири назар ниёз надошт, чунки аз пеш муқобили низоми Толибон буд ва нирӯҳои мухолифи ин режимро пайгирона кӯмак мекард. Раҳмонов афзудааст, агар пуштибонии Русияро сарфи назар кунем, Тоҷикистон таи ин солҳо дар рӯбарӯи таҳдиди Толибон танҳо мубориза мебурд. Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, хатаре, ки аз Афғонистон бармеомад, дар суботи ин сӯи Омӯ осори ниҳоят манфӣ мегузошт ва Душанбе маҷбур буд, хеле аз имконоти доштаашро сарфи таҳкими марзи Афғонистон намояд. Эмомалӣ Раҳмонов ширкати низомиёни тоҷикро дар ташкили артиши миллии Афғонистон рад намуда гуфт, Тоҷикистон бештар мехоҳад дар соҳоти интиқоли нирӯи барқ ба Афғонистон, омӯзиши донишҷӯёни афғон дар донишгоҳҳои худ ва дар ҳамлу нақли кӯмакҳои башарии байнулмилалӣ ба ин кишвар саҳм бигирад. Раҳмонов бо ифтихор гуфтааст, ки интиқоли 60 дар сади кӯмакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистон аз роҳи қаламрави Тоҷикистон анҷом мешавад. Раисҷумҳури Тоҷикистон зимнан ба ҳифзи мақоми вижаи Русия дар сиёсати хориҷаи кишвараш таъкид кардааст. Аммо, ба назари ӯ, ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия аксаран дар риштаи сиёсиву низомӣ маҳдуд мондаанд, вале дар шароити кунунӣ дар шеваи муносиботи миёни ин ду кишвар бояд маҳз равобити иқтисодиву тиҷоратӣ мақоми муқаддам касб намоянд. Раҳбари ҳукумати Тоҷикистон тоҷирони русро ба иштироки фаъолтар дар саҳнаи иқтисодии кишвараш даъват кардааст. Ба ақидаи ӯ, бо эъҷоди субот дар Афғонистон тоҷирони рус дар ин саҳна ба рақобати шадиде рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ӯ афзудааст, дар ҷараёни сафари феълиаш ба Маскав имзои ҳеҷ гуна созишномаи ҷадидеро бо Русия дар назар надорад, чунки шумораи созишномаҳои имзошудаи байни ду кишвар то имрӯз аз ҳудуди 150 мегузарад ва заминаи мавҷудаи ҳуқуқӣ барои густариши равобит миёни Маскаву Душанбе кифоят мекунад. Эмомалӣ Раҳмонов дар мусоҳибааш ба нашрияи "Независимая газета" мегӯяд, шароити иқтисодии Тоҷикистон бисёре аз раъияти кишварро маҷбур ба муҳоҷират ва мардикорӣ дар хориҷ ва асосан дар Русия кардааст. Аммо онҳо дар Русия мувоҷеҳ ба мушкилоти зиёд ва муносибати муғризона мебошанд. Раҳмонов чунин вазъро ғайриоддӣ шумурда гуфтааст, ҳукуматаш ба таҳияи заминаи ҳуқуқии будубоши шаҳрвандонаш дар хориҷи кишвар талош хоҳад кард. Раҳмонов гуфтааст, Русия ба нирӯи корӣ ниёз дорад ва ин дар ҳолест, ки чунин нирӯъ дар Тоҷикистон баризофа мавҷуд аст ва мақомоти масъули ду кишвар дар ин авохир чанд созишномае ба имзо расониданд, ки танзими қонунии маҷрои муҳоҷират дар байни Тоҷикистону Русияро дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG