Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дабири Кулли СММ тасмим гирифтааст, ки Идораи Пуштибонӣ аз сулҳи СМ дар Тоҷикистон ё худ "УНТОП"-ро як соли дигар дар ин ҷумҳурӣ фаъол нигаҳ дорад



Хоҷа Мирзода

Дар номае ба Шӯрои Амнияти СММ Кофӣ Аннан навиштааст, ки соли гузашта Идораи Пуштибонӣ аз Сулҳи Тоҷикистон дар ҳаёти ин ҷумҳурӣ нақши хеле ҳам мусбат дошт.

Дар номае ба Шӯрои Амнияти СММ Кофӣ Аннан навиштааст, ки соли гузашта Идораи Пуштибонӣ аз Сулҳи Тоҷикистон дар ҳаёти ин ҷумҳурӣ нақши хеле ҳам мусбат дошт. Ҳамчунин Дабири Кулли СММ изҳор намудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба идомаи фаъолияти "УНТОП" то якуми июни соли 2003-ум мувофиқ мебошад. Дар ҷавоб ба мактуби Кофӣ Аннан раиси даврии Шӯрои Амнияти СММ сафири Сингапурӣ Кишор Маҳбубонӣ аъкид кард, ки аъзои Шӯрои Амният ба фаъолиятҳои Идораи Пуштибонӣ аз Сулҳи СММ дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд. "УНТОП" дар моҳи июни соли 2000-ум баъди хатми фаъолияти Миссияи Нозирони СММ дар Тоҷикистон поягузорӣ шуд. Дар тӯли ду соли гузашта ин ниҳоди СММ баҳри таҳкими сулҳ ва оштии миллӣ, ҳокимияти қонун, тақвияти ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ талош варзид. Вазифаи дигар ва ниҳоят арзандаи Идораи Пуштибонӣ аз Сулҳи СММ дар Тоҷикистон ҷалби кӯмаки байналмилалӣ барои эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистон зикр гардидааст. Дар номаи худ ба Шӯрои Амният Кофӣ Аннан таъкид мекунад, ки раиси "УНТОП" Иво Петров ва дигар ходимони ин идора дар танзими муколама ва баҳсҳои сиёсӣ миёни мансабдорони ҳукумат ва аъзои ҳизбҳои мухталифи Тоҷикистон, созмонҳои ғайридавлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умуми ин ҷумҳурӣ нақши миёнаравро мебозанд. Ба қавли Кофӣ Аннан хулосаву тавсияҳое, ки дар чорчӯби ёдшуда ба даст омаданд, аз ҷониби "УНТОП" ба таваҷҷӯҳи ҳукумат расонида ва аксаран татбиқ ҳам шудаанд. Бо ишора ба зарурати мутобиқат ба меъёрҳои ҳуқуқи башар Идораи Пуштибонӣ аз Сулҳи СММ дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо коршарикони маҳаллӣ як барномаи корро тарҳрезӣ намудааст. Ба гуфти Кофӣ Аннан аз он ҷое, ки беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба ҳокимияти қонун ниёз дорад, "УНТОП" якчанд лоиҳаи кӯмаки техникӣ дар таълими кормандони вазорати умури дохилии Тоҷикистонро ба нақша гирифтааст. Дабири Кулли СММ илова мекунад, ки "УНТОП" ҳамоиши разманжагони собиқ ба ҳаёти осоишта ва таъмини шуғли онҳо кори зиёдеро ба анҷом расонид. Кофӣ Аннан ёдовар шудааст, ки моҳи маи соли 2001-ум "УНТОП" ҳамроҳ бо дигар муассисаҳои СММ дар Тоҷикистон як идда барномаҳоро ба Мулоқоти кишварҳои донори Тоҷикистон дар шаҳри Токио матраҳ намуд, ки хароҷоти 80 дар сади онҳо аз ҷониби муассисаҳоиву кишварҳои кӯмакрасон пӯшида хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG