Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва озодии матбуот дар Қазоқистон



Нурмуҳаммади Холзода

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон, вақте ки дар маросими гушоиши нахустин конфронси матбуоти Евразия дар шаҳри Алмаато сухан мегуфт, матбуотро пояи демукросӣ номид.

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон, вақте ки дар маросими гушоиши нахустин конфронси матбуоти Евразия дар шаҳри Алмаато сухан мегуфт, матбуотро пояи демукросӣ номид. Вале дар поёни конфронс намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо як эъломияро қироат кард, ки дар он давлати Қазоқистон барои фишор ба матбуот ва маҳдудият дар фаъолияти матбуот мавриди интиқод қарор мегиррфт. Чунин эъломия ба руҳияи хуби Нурсултон Назарбоев асари манфӣ гузошт. Ҳейнрих Ҳоупт-намояндаи Созмони Амнияту Ҳакмкории Аврупо аз як силсила шикоятҳо дар бораи озодии матбуот дар Қазоқистон ном бурд, ки он баъдтар дар сафҳаи интернет ҷой дода шуд. Дар ин сафҳаи интернет гуфта мешавад, ки дар Қазоқистон як гурӯҳе аз шахсиятҳои наздик ба раҳбарони сиёсӣ, ба вижа наздик ба раиси ҷумҳур, бар матбуот назорат мекунанд. Дар ин сафҳа ҳамчунин бар ин нуқта ишора шудааст, ки баъзе ниҳодҳои давлатӣ ба матбуоти барояшон нохушоянд маҳдудиятҳои фаннӣ ҷорӣ карда ва ба онҳо фишори молӣ меоранд. Ҳатто мақомоти сиёсӣ ва мақомоти иҷтимоъӣ барои назорат бар мазмуну мундариҷаи мақолаҳо додгоҳро вориди амал мекунанд. Вокунишҳои манфӣ дар сафҳаи интернет, албатта, натиҷаи баста шудани чанд нашрияи мустақил дар вақтҳои ахир аст. Ҳангоми бастани ин нашрияҳо далел меоранд, ки ин нашрияҳо молиёт пардохт намекунанд. Гарчӣ шумораи родио-телвизюнҳои мустақил кам аст, вале онҳо ҳам ба чунин душвориҳои бюрокрасӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Алмато дар ин бора аз гуфтугӯ бо рӯзноманигорон худдорӣ кард ва гуфт, ки назарашро дар бораи озодии матбуот дар сафҳаи интернет ҷой додааст. Вале Сауле Муҳаммадраҳимова- ҳамоҳангкунандаи барномаҳои пажуҳишгоҳи гузоришҳои Ҷанг ва Сулҳ дар Лондон изҳор кард, ки вазъи матбуоти мустақил дар Қазоқистон ахиран бадтар шудааст:

"Дуруст аст, ки вазъи матбуот дар Қазоқистон дар як ё ду соли ахир, ба вижа, дар ду моҳи ахир бадтар шудааст."

Алекс Лупис- ҳамоҳангкунандаи бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Кумитаи Дифоъ аз рузноманигорон ин ақидаро таъйид мекунад. Вай мегӯяд, чунин арзёбии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо аз фаъолияти матбуот дар Қазоқистон намунаи он аст, ки чӣ душвориҳое вуҷуд дорад:

"Ин нуқта, ки намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо чунин эъломияи возеҳ ва шадид-ул-лаҳнро мунташир кардааст, воқеъан гувоҳи душвориву маҳдудиятҳост".

Матбуоти мустақил замоне ба душворӣ рӯ ба рӯ шуд, ки як силсила мақолаҳоро дар бораи ба фасоди молӣ даст задани сиёсатмадорони баландпоя чоп кард. Аз ҷумла, чанд сол пеш як мақолае чоп шуд, ки Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон аз як ширкати нафтии хориҷӣ пул гирифта ва онро дар як бонки суедӣ гузоштааст. Назарбоев то ҳол ин идаъоро рад мекунад. Матбуоти Ғарб ва Русия низ дар ин бора навишта буданд. Дар бораи ин ҳисоби бонкӣ, ахиран ҳам баъзе аз намояндагони порламони Қазоқистон сару садо баланд карданд. Телвизюни мустақили Қазоқистон бо номи ТАН низ мехост дар ин бора як барнома пахш кунад, вале маркази ин телвизюн аз сӯи гурӯҳи номаълум мавриди ҳамла ва тирандозӣ қарор гирифт. Ба ақидаи Сауле Муҳаммадраҳимова аз пажӯҳишгоҳи гузоришҳои Ҷанг ва Сулҳи Лондон ҳоло дар Қазоқистон танҳо матбуоти мустақил воқеъиятро мунъакис мекунад.

XS
SM
MD
LG