Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони "Ҳуман Райтс Вотч" сиёсати Ислом Каримовро бори дигар интиқод кард



Тоҳири Сафар

Ин садо аз намоиши осоиштае буд, ки мақомоти интизомии Узбакистон онро пахш карданд ва бархе аз тазоҳургаронро ба зиндон андохтанд.

Ин садо аз намоиши осоиштае буд, ки мақомоти интизомии Узбакистон онро пахш карданд ва бархе аз тазоҳургаронро ба зиндон андохтанд. Фарзандони ин тазоҳургарон бо иттиҳоми узвият дар созмони Ҳизб-ут-таҳрир зиндонӣ шудаанд. Аммо раисҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов, ки бо сиёсати фишор ба ҷунбишҳои исломӣ, маъруф шудааст, моҳҳои ахир чунин вонамуд мекунад, бо нерӯҳои исломӣ дар кишвараш муросо хоҳад кард. Аз оғози моҳи феврал чунин ба назар мерасид, ки воқеъан Каримов сиёсаташро дар ин росто тағйир медиҳад. Аввали моҳи феврал додгоҳи Ӯзбакистон чор нафар милисаи кишварро бо иттиҳоми латукӯб ва қатли маҳбусон ба зиндон андохт. Илова бар ин ҳукумати Каримов моҳи март як созмони мустақили ҳифзи ҳуқуқи башарро сабти ном кард. Аммо рӯзи 1-уми май намояндагони созмони ҳуқуқи башар Ҳюмен Райтс Вотч бо пахши як изҳорот, гуфтанд Каримов дубора бо баҳонаи мубориза алайҳи Ҳизб-ут-таҳрир ба боздошти занону кӯдакон шурӯъ кардааст. Рӯзи 23 апрел мақомоти интизомӣ як намоиши осоиштаи занонро бо истифода аз зӯр пахш ва пароканда карда, 18 нафари онҳоро бо шумули тифлонашон боздошт карданд. Ба навиштаи таҳлилгари нашрияи электронии "Евразия Нет" ин гузоришҳо далели он аст, ки сиёсати Каримов ҳеҷ тағйире наёфтааст ва таъқиби мусулмонони бегуноҳ дар ин кишвар ҳамоно идома дорад. Аммо Каримов вонамуд мекунад, ки сиёсати дар арафаи сафараш ба Амрико пешгирифтаашро суръат мебахшад. Яъне бо ҷунбишҳои исломӣ бо мулоимат бархӯрд мекунад ва онҳоеро, ки хилофи қонун бо исломиёни зиндонӣ муносибат кардаанд ба ҷазо мерасонад. Аз моҳи март ба инҷониб дар Марғелон мурофиаи қотилони Алимуҳаммад Мамадалиев, ки 24 ноябр кушта шуда буд, идома дорад. Ба гуфтаи падари Мамадалиев, пас аз чанд рӯзи боздошти писараш аз ҷониби мақомоти интизомӣ, ҷасади ӯ дар лаби наҳри Фарғона пайдо шуд. Таҳлигари "Евразия Нет" менависад, пас аз чунин рафтор бо боздоштшудагон кормандони интизомӣ ба наздикони кушташудагон ҳушдор медиҳанд, то онҳо ба мақомоти болои шикоят набаранд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар вазъи зиндониёни мазҳабӣ низ хеле нигаронкунанда аст. Модари яке аз ин зиндониён мегӯяд: Дар маҳбасхона бенизомӣ ҳукмфармост, фарзандони моро азият мекунанд, иҷозаи боздид намедиҳанд ба номусашон таҷовуз мекунанд. Онҳо ҳеҷ гуноҳ надоранд ва бо тӯҳмат зиндонӣ карда шудаанд.

Тибқи иттиллои созмони "Ҳюмен Райтс Вотч" дар шаҳри Тошканд, мурофиаи чор нафар зан, ки мақомоти интизоми онҳоро мутаалиқ ба Ҳизб-ут-таҳрир медонанд, идома дорад. Ин занон замоне ба ҳабс гирифта шудаанд, ки бори аввал варақаҳои Ҳизб-ут-таҳрирро ба даст гирифтаанд. Дар як мурофиаи дигар, ки рӯзи 24 апрел анҷом ёфтааст, чор нафар зани дигар таҳти фишор ва таҳдиди милиса иттиҳомоти алайҳи онҳо эъломшударо эътироф кардаанд. Ин занон, ки ба гуфтаи онҳо ба ҷуз аз намоз гузоштан дигар коре накардаанд чор сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Ба навиштаи таҳлилгари "Евразия Нет" сарнавишти ин занон далели он аст, ки Ӯзбакистон дар ростои озодии эътиқод ва дин кореро анҷом намедиҳад. "Вазъ дар ин самт хеле хатарнок боқӣ мемонад" мегӯяд мудири минтақавии Ҳюмен Райтс Вотч Элизабет Андерсен." Ин як азобаст, ки маҳбусон ҳатто дар замони тафтиши қазия комилан дар инзиво нигоҳ дошта мешаванд ва имкони мулоқот бо касеро надоранд." Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар мегӯянд, мақомоти интизомии Ӯзбакистон дар аксар маврид афроди мутталлиқ ба Ҳизб-ут-таҳрирро бо усулҳои ғайриқонунӣ маҷбур мекунанд гуноҳро эътироф намоянд. Тибқи иттилои расмӣ, дар Ӯзбакистон ҳудуди чоруним ҳазор нафар бо ин иттиҳом зиндонӣ шудаанд. Ба гуфтаи созмонҳои ҳуқуқи башар аксари онҳо мусулмонони эътиқодманд ва ё озодандешон мебошанд, ки бо тӯҳмат ҷазо гирифтаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳукумати Ӯзбакистон дархост кардааст, ки вазъи мавҷудаи ҳуқуқи инсонро дар кишвараш беҳбуд бахшад. Аммо изҳороти Ҳюмен Райтс Вотч аз он шаҳодат медиҳад, ки ин дархост беҷавоб монда ва вазъи ҳуқуқи инсон дар Ӯзбакистон низ ислоҳе надидааст.

XS
SM
MD
LG